Додгоҳи вилояти Хатлон ба баррасии парвандаи пурсарусадоии куштори панҷ узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳуни ин вилоят оғоз кард. Ин ҳодиса яке аз ҳодисаҳои пурсарусадои солҳои ахир дар вилояти Хатлон аст.
Бино ба гуфти раискунандаи мурофиа додраси Додгоҳи вилояти Хатлон Хусрав Холдорзода, додгоҳҳ 9 март ба баррасии парванда шуруъ кардааст.
“Мо мурофиаи судиро аз пурсиши ду судшаванда, ки дар ду ҳолати дузди низ айбдор мешаванд шуруъ кардем. Мурофиаи охирини мо рӯзи 16 март дар ноҳияи Ҷайҳун сурат гирифт. Ба хотири он ки вазъи саломатии ҷабрдидаҳо иҷозат намедиҳад, ки ба шаҳри Бохтар ҳозир шаванд, суд қарор кард як мурофиаи саёр гузаронад ва ҷабрдидаҳоро дар худи ноҳияи Ҷайҳун пурсиш кунад”,- гуфт Хусрав Холдорзода.
Ба гуфти як манбаъи дигар, ки аз рафти мурофиа огоҳ аст ҷабрдидаҳо Латофат Азизова ва фарзанди зиндамондааш дар мурофиаи сайёр ба додрас бо мушкилӣ дар бораи он шаби мудҳиш баёнот доданд. Онҳо дар ҳолати бади равонӣ қарор доранд.
“Латофат Азизова баёноти дар рафти тафтишоти пешакӣ додаашро тасдиқ карда гуфт, ки он шаб вақте бедор шуд Адолат Шерматова бо лақаби Ситам дар даст чароғак (фонарик) дошт ва ба руйи шавҳарам Аҳлиддин равшанӣ мекард. Ва яке аз судшавандаҳо ӯро бо табар мезад. Кӯдаке, ки зинда мондааст бо мушкил сухан мегуфт ва танҳо бо кӯмаки равоншинос муяссар шуд, ки дар бораи он ҳодиса ҳолати дидаашро қисса кунад”,- гуфт манбаъ.
Ба гуфти раисикунандаи мурофиа Хусрав Холдорзода додгоҳ то баъди Наврӯзи танафус эълон кард ва баъди ҷашни Наврӯз мурофиа идома хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки қаблан як манбаъ аз додситонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки тафтишоти парвандаи ҷиноии алайҳи се гумонбар дар куштори пурсарусадои хонаводаи Маҳмадовҳо бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба додгоҳи вилояти Хатлон исрол карда шудааст.
“Парвандаи ҷинояти рӯзи 22-феврал баъди тасдиқи фикри айбдорӣ нисбати се сокни ноҳияи Ҷайҳун, ки дар куштори оилаи Маҳмадовҳо айбдор мешаванд ба суд ирсол шуд. Маҳмадғаюр Хайбуллоев ва Қиёмиддин Насриддинов бо моддаҳои 104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) ва 244 (дуздӣ) ва Адолат Шерматова оилаи Қиёмиддин Насриддинов бо моддаи 104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) айбдор карда мешаванд”,- гуфт манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан додситонии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотии ниҳодашон аз дастгир шудани нафари сеюм дар ин парванда хабар дода буд.
Муовини прокурори вилояти Хатлон Валӣ Ваҳобов рӯзи 3-феврал зимни нишасти матбуотии ниҳодашон хабар дод, ки парванда рӯзҳои наздик ба додгоҳ меравад.
“Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ нисбати се нафар сокинони ноҳияи Ҷайҳун, ки дар куштори оилаи Маҳмадовҳо даст доранд ба анҷом мерасад ва ба суд фиристода мешавад. Аз ин е нафар якеаш зан мебошад”,- гуфта буд Валӣ Ваҳобов.
Он замон прокурор дар бораи ҳувияти ин зан маълумоте надода буд.
Куштори пурсарусадои падари оила ва се фарзанди ноболиғаш шаби 12 июни соли 2021 рух дода буд. Аҳлиддин Маҳмадови 39 сола ва се фарзанди 8,13 ва 14 солааш ба таври ваҳшиёна кушта шуданд.
Қаблан Вазорати корҳои дохилаи кишвар видеоеро вобаста ба ин ҷиноят нашр кард. Дар ин навори видеои сокинони ҳамин ноҳия Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев нақл карданд, ки чӣ гуна ин кушторро содир кардаанд.
Манбаъи “Азия-Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо рафти тафтишоти шинос буд хабар дод, ки нафари сеюм ҳамсари яке аз дастгиршудаҳо мебошад.
“Ин зан дар он шаби ҳодиса ҳамроҳи шавҳараш будаасту вақте шавҳараш ва рафиқаш ба Маҳмадов ва фарзандонаш бо табар ҳамла мекарданд ӯ бо чароғи дастӣ (фонарик) рушноӣ мекардааст. Баъдан маълум шудааст, ки зани ҷабрдида ва як фарзандаш, ки зинда мондаанд ин занро шинохтаанд. Кӯдак гуфтааст, ки вақте маро заданд, ман ҳоло ҳушёр будам ва ин зан маро бо пояш ба таги крават тела дод”,- гуфт манбаъ.
Тавре ВКД хабар медиҳад, ҳодиса ба асоси рашк рух додааст. Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев ба Қиёмиддин Насриддинов хабар додааст, ки занаш бо марҳум Маҳмадов ба ӯ хиёнат мекардааст.
“Рӯзи ҳодиса занам дар хонаи модараш буд ва бегоҳ ман ҳам рафтам. Онҷо ман бо занам ҷанҷол кардам. Баъдан омадам то бо Аҳлиддин баҳс кунам, вале моро ҷанҷол шуд. Баъдан шабона соати дуйи шаб бо ҳамроҳии Ҳайбуллоев ду тавваро гирифта ба хонаи Аҳлиддин рафтем”,- нақл мекунад Насриддинов дар навори ВКД.
Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев гуфтаҳои Насриддиновро тасдиқ карда илова мекунад, ки онҳо қаблан ин ҷиноятро ба нақша гирифта буданд. Ҳарду гумонбарон дар ин сюжет ба пуррагӣ чӣ гуна ба Маҳмадов ва аҳли оилаи ӯ ҳамла карданд ва баъдан хонаро оташ заданд, нақл карданд. Ҳамсояҳо аз дуд хабар ёфта ба хонаи Маҳмадов омадаву аз ин ҷиноят хабар ёфтанд.
Оилаи Маҳмадов, Латофат Азизова ва як писараш зинда монданд ва онҳо гумонбаронро шинохтанд.
Дар ҳамин сюжет гуфта мешавад, ки моҳи апрели соли 2021 ҳарду гумонбар бо ҷурми дузди дастгир шуда буданд ва бо ҷарима раҳо шуданд. Акунун нисбати онҳо бо содаи 104 қисми 2 КҶ ҶТ парвандаи ҷинояти оғоз карда шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.