Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи нахусти даъвати сарбозон ба сафҳои артиши нақшаи даъватро дар сар то сари вилоят 102,5 % иҷро кардааст. Дар ин бора ба "Азия-Плюс", сухангӯйи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков хабар дод.
Ба гуфтаи Ғолиб Ниятбеков имрӯз ҷавонони бадахшӣ, тайи як маросими хос дар шаҳри Хоруғ бо ширкати раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба хидмати Ватан гусел карда мешаванд.
Бино ба маълумоти ҳукумати ВМКБ ҳоло ноҳияи Дарвоз 114%, Мурғоб 110%, Роштқалъа 100%, Рӯшон 100%, Хоруғ 100%, Шуғнон 100%, Ишкошим 100% ва ноҳияи Ванҷ 100%-и нақшаи даъватро иҷро кардаанд, ки ба ҳисоби умумӣ дар сатҳи вилоят 102,5%-ро дар бар гирифтааст.
Ба гуфтаи Ниятбеков, аксари ҷавонон бо хоҳиши худ ба хидмати Ватан омада, субҳ дар майдони Исмоили Сомонии маркази вилоят ҷамъ омдаанд.
Ӯ гуфт, ки ин соли аввал нест, ки ҷавонони ВМКБ нақшаи даъват ба артишро дар як рӯз иҷро мекунанд.
«ВМКБ дар 2 соли ахир, дар рӯзи аввали даъват ба хидмати сарбозӣ, нақшаро дар рӯзи аввал иҷро мекунад ва имсол ҳам дар ин мавсим чун гузашта нақша бидуни мушкил иҷро шуд".
Дар ҳамин ҳол, чанд рӯзи ахир бархе масъулони шаҳру ноҳияҳо бо нашри аксҳое аз маросими гусели наваскарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд. Бархе аз корбарон қабл аз рӯзи расмии даъват ба сафи артиш фиристодани наваскаронро ғайриқонунӣ донистаанд.
Аммо Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқ, ки солҳои ахир ба ҳимояи ҳуқуқи наваскарон ва сарбозон машғул аст, мегӯяд, ки дар ин ҷо ҳеҷ кори ғайриқонунӣ нест, агар ин кор бар асоси дастури раисони шаҳру ноҳияҳо сурат гирад.
"Яъне, баъди имзои фармони раисиҷумҳур дар бораи оғози даъвати баҳорӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ оғоз мешавад",- мегӯяд ӯ.
Ҳамчунин, дар моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» оид ба гузаронидани омӯзиши пеш аз даъват ва таълими шаҳрвандони синни ҳарбӣ гуфта мешавад ва ин як кори муҷоз аст, – хулоса кард Самадова.
Бояд гуфт, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори аввал дар рӯзи нахусти даъвати сарбозон ба артиш нақшаи даъватро дар сар то сари вилоят соли 2020 – 103% иҷро карда буд. Ва 241 ҷавони бадахшӣ, тайи як маросими хос дар шаҳри Хоруғ бо ширкати раиси вақти вилоят Ёдгор Файзов ба хидмати Ватан гусел карда шуда буданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.