spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Зери шиканҷа буд”: яке аз гумонбарони куштори мудҳиши Ҷайҳун дар додгоҳ аз нишондоди қаблияш даст кашид

Яке аз гумонбарони ҳодисаи қатли 4 узви хонаводаи Маҳмадовҳо дар шаби 12-уми июни соли гузашта дар ноҳияи Ҷайҳун, дар ҷаласаи додгоҳӣ аз нишондодҳои қаблияш даст кашид.  Ин гумонбар Қиёмиддин Насриддинов, дар мурофиаи додгоҳии рӯзи 1-уми апрел гуфт, нишондодҳои дар рафти тафтишоти пешакӣ додаашро зери шиканҷа гуфтааст.

Рӯзи якуми апрел, дар ҷаласаи додгоҳи вилояти Хатлон додрас ба пурсиши маҳкумшавнадҳо оғоз кард ва пурсишро аз Қиёмиддин Насриддинов шуруъ кард.

Қиёмиддин Насриддинов, дар рафти пурсиш аз нишондодҳои додааш вобаста ба куштори хонаводаи Маҳмадовҳо дар тафтишокти пешакӣ даст каши ва  худро бегуноҳ ҳисобид.

“Ман ҷиноятҳои дуздиямро ба уҳда мегирам. Вале дар ҷиноятҳои бо моддаи 104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) худро айбдор намешуморам. Ин ҷиноятро ман содир накардаам. Дар рафти тафтишоти пешакӣ нишондодҳои ман бо истифода аз шиканҷа гирифта шудаанд. Манро кормандони миллиса лату кӯб карда маҷбур карданд, ки ин ҷиноятро ба уҳда бигирам. Ҳарчанд гуфтам, ки дар ин ҷиноят даст надорам ва шаби ҳодиса дар хонаам бо писарам хоб будам, вале манро бовар накарданд. Ба шиканҷаи зиёд тоб наоварда ҷиноятро ба гардан гирифтам”,- гуфт Қиёмиддин Насриддинов.

Ӯ дар ҷараёни пурсишаш ҳамчунин гуфт, ки бо марҳум Аҳлиддин Маҳмадов риштаи хешутаборӣ доштанд ва ягон кинаву хусумате байнашон набуд, баръакс муносибаташон хуб буд.

“Ман Аҳлиддинро чор рӯз пеш аз ҳодиса дида будам ва дигар ӯро надидам. Шаби ҳодиса ман бо писарам аз хонаи хушдоманам ба хона омадем ва баъдан ман ба шашликхонае, ки дар шоҳроҳ буд рафтам. Мехосатм бо оилаи Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев, ки онҷо кор мекард суҳбат кунам. Ба ман гуфтанд, ки оилаи Маҳмадғаюр шавҳарашро бо оилаи ман рашк мекарда аст. Хостам ин масъаларо бо ӯ ҳал кунам. Вале ӯро дар ҷойи кораш наёфтам ва баъдан ба хона омада хоб кардам. Аз куштори Аҳлиддин ва фарзандонаш танҳо субҳ, вақте барои овардани оилааму фарзандонам ба хонаи хушдоманам мерафтам, фаҳмидам. Вақте ҳодисаро фаҳмидам ба хонаи Аҳлиддин рафтам, ки одамони бисёр онҷо буданд. Аз ҷумла кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ. Вақте хостам хонаи хушдоманам равам, маро кормандони милитсия гирифта ба идораи ҷамоат бурда пурсиш карданд. Баъдан Маҳмадғаюрро оварданд ва баъдан ҳардуи моро ҷавоб доданд. Бегоҳ ва субҳи дигарш боз рафта дар хонаи Аҳлиддин дуо кардем. Баъдан моро дастгир карданд ва ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун бурданд. Аз ҳамон рӯз шиканҷаи мо оғоз шуд ва маҷбур шудам ҷиноятеро, ки накардаам ба уҳда бигирам”,- илова кард ин маҳкумшаванда.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Намогирифт (скриншот) аз видеои нашркардаи ВКД

Ҳамчунин ин маҳкумшаванда нишондодҳои чанде аз шоҳидонро низ эътироф накард ва гуфт, намедонам онҳо бо чӣ сабабе нисбат ба ман нишондодҳои нодуруст медиҳанд.

Рӯзи 1-уми апрел додгоҳ пас аз пурсупоси Насриддинов танаффус эълон кард ва қарор аст, ҷаласаи навбатӣ, имрӯз, 4 апрел аз сар гирифта шавад.

Ёдовар мешавем, ки додгоҳи вилояти Хатлон чанде пеш ба баррасии парвандаи пурсарусадоии куштори панҷ узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳуни ин вилоят оғоз карда буд. Ин ҳодиса яке аз ҳодисаҳои пурсарусадои солҳои ахир дар вилояти Хатлон аст.

Бино ба гуфти раискунандаи мурофиа додраси Додгоҳи вилояти Хатлон Хусрав Холдорзода, додгоҳҳ 9 март ба баррасии парванда шуруъ кардааст.

“Мо мурофиаи судиро аз пурсиши ду судшаванда, ки дар ду ҳолати дузди низ айбдор мешаванд шуруъ кардем. Мурофиаи охирини мо рӯзи 16 март дар ноҳияи Ҷайҳун сурат гирифт. Ба хотири он ки вазъи саломатии ҷабрдидаҳо иҷозат намедиҳад, ки ба шаҳри Бохтар ҳозир шаванд, суд қарор кард як мурофиаи сайёр гузаронад ва ҷабрдидаҳоро дар худи ноҳияи Ҷайҳун пурсиш кунад”,- гуфт Хусрав Холдорзода.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Додгоҳ баррасии парвандаи пурсару садои куштори оилаи Маҳмадовҳоро дар Ҷайҳун шуруъ кард

Ба гуфти як манбаъи дигар, ки аз рафти мурофиа огоҳ аст ҷабрдидаҳо Латофат Азизова ва фарзанди зиндамондааш дар мурофиаи сайёр ба додрас бо мушкилӣ дар бораи он шаби мудҳиш баёнот доданд. Онҳо дар ҳолати бади равонӣ қарор доранд.

“Латофат Азизова баёноти дар рафти тафтишоти пешакӣ додаашро тасдиқ карда гуфт, ки он шаб вақте бедор шуд Адолат Шерматова бо лақаби Ситам дар даст чароғак (фонарик) дошт ва ба руйи шавҳарам Аҳлиддин равшанӣ мекард. Ва яке аз судшавандаҳо ӯро бо табар мезад. Кӯдаке, ки зинда мондааст бо мушкил сухан мегуфт ва танҳо бо кӯмаки равоншинос муяссар шуд, ки дар бораи он ҳодиса ҳолати дидаашро қисса кунад”,- гуфт манбаъ.

Бояд гуфт, ки қаблан  як манбаъ аз додситонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки тафтишоти парвандаи ҷиноии алайҳи се гумонбар дар куштори пурсарусадои хонаводаи Маҳмадовҳо бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба додгоҳи вилояти Хатлон исрол карда шудааст.

“Парвандаи ҷинояти рӯзи 22-феврал баъди тасдиқи фикри айбдорӣ нисбати се сокни ноҳияи Ҷайҳун, ки дар куштори оилаи Маҳмадовҳо айбдор мешаванд ба суд ирсол шуд. Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев ва Қиёмиддин Насриддинов бо моддаҳои 104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) ва 244 (дуздӣ) ва Адолат Шерматова оилаи Қиёмиддин Насриддинов бо моддаи  104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) айбдор карда мешаванд”,- гуфт манбаъ.

Куштори пурсарусадои падари оила ва се фарзанди ноболиғаш шаби 12 июни соли 2021 рух дода буд. Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола ва се фарзанди 8,13 ва 14-солааш ба таври ваҳшиёна кушта шуданд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилаи кишвар видеоеро вобаста ба ин ҷиноят нашр кард. Дар ин навори видеои сокинони ҳамин ноҳия Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев нақл карданд, ки чӣ гуна ин кушторро содир кардаанд.

Манбаъи “Азия-Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо рафти тафтишоти шинос буд хабар дод, ки нафари сеюм ҳамсари яке аз дастгиршудаҳо мебошад.

Баъдан аз хонаводаи Маҳмадов, ҳамсараш Латофат Азизова ва як писараш зинда монданд ва онҳо гумонбаронро шинохтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...