Суди вилояти Суғд Ваҳҳобҷон Ҷангазиев, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Тавре ки маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ӯ дар куштори ҳамсари ҳомиладори худ гунаҳкор дониста шуд.
Ба иттилои манбаъ, ин ҷиноят 14 январи соли 2021 дар манзили Ҷангазиев воқеъ дар деҳаи Чашмасор рух додааст.
Тибқи маълумоти прокуратура, шоми ҳамон рӯз ҳамсараш дар вазъи ҳомиладории муҳлати 39 ҳафта ба дарди шадиди бачадону шикам гирифтор мегардад.
“Зан аз ҳамсараш ёрии таъҷилӣ хоста, лекин мард ӯро бо зудӣ ба таваллудхона набурда, мехоҳад худаш бо роҳи ҷарроҳӣ таваллуд кунонидан тифлро ба дунё орад, ҳарчанд медонист, ки кирдор барои ҳаёти ҳамсару кӯдак хавфнок аст”, – омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, мард бо корди хоҷагӣ шиками занро бурида кӯдак ва бачадонро, ки узви ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад, ба берун мебарорад ва мебинад, ки кӯдак дар бачадон мурдааст, аммо баъд барои наҷот додани ҳаёти ҳамсараш чораандешӣ карда натавониста, ҳамсараш низ вафот менамояд.
Да ҳамин ҳол, дар маълумот дар бораи ба тиб муносибат доштан ё надоштани мард, инчунин вазъи солимии рӯҳии ӯ маълумот дода намешавад.