Кормандони милитсияи шаҳри Хуҷанд ду сокини ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исафараро ба гумони даст доштан дар тамаъҷӯии пул бо таҳдиди нашр накардани навори видеои маҳрамона боздошт намуданд. Барои нашру паҳн накардани навор онҳо аз духтари 19-сола 1,5 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд.
Дар ин бора Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” гузориш дод.
Бино ба маълумоти милитсия, яке аз боздоштшудагон Хуршед Халлоқзодаи 35-сола моҳи март тариқи интернет бо як духтари сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос мешавад.
“Баъди чанде Халлоқзода духтарро ба мулоқот даъват намуда, лаҳзаҳои наздикиашро бо ӯ ҳаммаслакаш – Муминҷон Фурқатзодаи 23-сола дар телефон ба навор мегирад”, – зикр шуд дар гузориш.
Гуфта мешавад, сипас Халлоқзода аз духтар пул талаб намуда, ӯ ба мақомоти милитсия муроҷиат кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Халлоқзода замони гирифтани қимате аз пули талабшуда – 1000 сомонӣ дастгир ва ҳаммаслакаш баъдтар боздошт шудаанд.
Дар сурати исботи гуноҳ мувофиқи моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (тамаъҷӯӣ) ба онҳо аз 10 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Зимнан зикр мегардад, ки Халлоқзода пештар ҳам барои қаллобӣ маҳкум шудааст. Ғайр аз ин, аз ӯ шаҳодатномаи қалбакии майори милится дарёфт шудааст.