Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Орзу Исоев мавзуъи расмиёти маъмурӣ дар соҳаи манзилро ба баҳс кашиданд.
Фишурдаи ин суҳбат, ҳар ҳафта пас аз барномаи радиоӣ дар шакли саволу ҷавоб дар сайти "Азия-Плюс" ҳам пешниҳод мешавад.
Савол: Баҳсҳои манзил аз ҷониби кадом мақомот баррасӣ карда мешаванд?
Ҷавоб: Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванд ба манзил ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва инфиродӣ (шахсӣ) ва ҳифзи он татбиқ мегардад. Тартиби ҳал намудани баҳсҳои марбут ба манзил дар моддаи 154 Кодекси манзил пешбинӣ шудааст. Мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳои марбут ба манзил аз тарафи суд, суди иқтисодӣ, ҳакамӣ, инчунин дигар мақомоти ба ин ваколатдор ҳал карда мешаванд.
Савол: Манзилҳои истиқоматӣ дар фонди манзили давлатӣ мувофиқи қарори кадом мақомот дода мешаванд?
Ҷавоб: Мувофиқи моддаи 38 Кодекси манзил, хонаҳои истиқоматӣ барои шаҳрвандон дода мешаванд:
1) дар биноҳое, ки тобеи мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллӣ мебошанд, тибқи қарори мақоми иҷроияи дахлдор;
2) дар биноҳои фонди манзили идоравӣ – тибқи қарори муштараки маъмурият ва кумитаи иттифоқи касабаи корхонаю ташкилот ва муассиса, ки мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ тасдиқ кардааст;
3) дар биноҳои фонди манзили ҷамъиятӣ – тибқи қарори муштараки мақомоти дахлдори ташкилот ва иттифоқи касабаи он бо минбаъд хабар додан ба мақоми ҳокимияти маҳаллии иҷроия, ки ба хонаи истиқоматӣ ордер медиҳад.
Дар асоси ин қарор мақоми дахлдори иҷроияи маҳаллӣ ба шаҳрвандон ордери махсус медиҳад.
Савол: Меъёри додани масоҳати манзили истиқоматии давлатӣ барои як нафар чанд метри муррабаъ мебошад?
Ҷавоб: Мувофиқи моддаи 36 Кодекси манзил, меъёри майдони истиқоматӣ ба ҳар шахс ба андозаи 12 метри мураббаъ муқаррар мешавад. Зиёда аз меъёр ба гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон майдони иловагии истиқоматӣ дода мешавад.
Тартиб ва шарти додани майдони иловагии истиқоматӣ ва номгӯи гурӯҳҳои шаҳрвандонро, ки барои гирифтани майдони иловагӣ ҳуқуқ доранд, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.