Пас аз сӯхтор дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мақомоти оташнишонӣ корҳои пешгирикунанда дар бозорҳои шимолии Тоҷикистонро оғоз кардаанд. Корҳои пешгирӣ аз 2-уми июн оғоз шуда ба иттилои Раёсати сӯхторнишонии Суғд ин санҷиш нест ва гурӯҳи кории созмонёфта роҳбарони бозорҳоро бо ҷурми камбудие ҷарима намебанданд, санаде тартиб намедиҳанд ё дари бозорҳоро намебанданд, балки огаҳ мекунанд, ки ҳушёр бошанд.
Қаҳрамон Қодирзода, сардори Шӯъбаи назорати бехатарӣ аз сӯхтори Раёсати оташнишонии Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, корҳои профилактикиро бо дастури роҳбарии ин ниҳод дар Вазорат роҳандозӣ кардаанд.
Ӯ афзуд, роҳбари гурӯҳи корӣ низ аз ин ниҳодӣ марказӣ ҳастанд ва дар доираи корҳои профилактикӣ 48 бозор ва 63 марказҳои калони тиҷоратии Суғдро месанҷанд ва соҳибкоронро огаҳ мекунанд, ки қоидаҳои сӯхторро риоя кунанд.
“Аз сабаби он ки фармони президенти Тоҷикистон аз 16-уми марти 2022 “Дар бораи эълон намудани маратория ба ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ” содир шудааст, мо санҷишҳоро қатъ карда будем. Бинобар он ки рӯзҳои охир сӯхторҳои калон дар миқёси ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуд. Роҳбарияти вазорат супориш доданд, ки нақшаи чорабиниҳо тартиб дода корҳои профилактикӣ гузаронида шавад",-гуфт Қодирзода.
Бар асари сӯхтор дар шаби 1 ба 2-юми июн дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтари маркази вилояти Хатлон гуфта мешавад наздик 50 дарсади бозор дар коми оташ монда 12 нафар ҷароҳат бардоштанд. Аммо бо гузашти як рӯз аз ин сӯхтор, як соҳибкори 52-сола бо номи Маҳмад Сафаров баъди ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ҷон бохт. Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон баъдтар хабар дод, ки бино ба маълумоти фаврии гурӯҳи корӣ сабаби сӯхто расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар яке аз ошхонаҳои ин бозор будааст.
Ҳоло дар Суғд ба василаи радиову баландгӯякҳои дохили бозор низ ба мардум ва соҳибкорон фаҳмонида истодаанд, ки қоидаҳои зиддисӯхториро риоя кунанд.
Ба иттилои Раёсати оташнишонии Суғд давоми панҷ моҳи имсол дар қаламрави вилоят 130 сӯхтор ба қайд гирифта шуда ба мардум ва корхонаву муассисаҳо 2 млн 600 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст. Бар пайи ин сӯхторҳо 28 нафар аз коми оташ наҷод ёфта як нафар ҳалок ва ба маблағи беш аз 63 миллион сомонӣ молу амволи шаҳрвандон аз коми оташ наҷот дода шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.