spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Фурсати донистан”: Тартиби шикоят намудан аз болои санади маъмурӣ чӣ гуна аст?

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Орзу Исоев мавзуи шикоят аз болои санади маъмуриро ба баҳс кашиданд.

Фишурдаи ин суҳбатро дар шакли хаттӣ пешниҳоди шумо мекунем:

Дар шикояти маъмурӣ  кадом ҳолатҳо бояд дарҷ карда шавад?

– Талабот нисбати  шикояти маъмурӣ дар қисми 1 моддаи 95 Кодеси расмиёти маъмурӣ пешбинӣ шудааст.  Дар шикояти маъмурӣ бояд  талаботҳои зерин қайд карда шаванд:

– номи мақомоти маъмурие, ки ба он шикояти маъмури пешниҳод карда мешавад;

– фамилия, ном, номи падар ва суроғаи шахсе, ки шикояти маъмуриро пешниҳод мекунад;

– номи мақомоти маъмурие, ки аз санади маъмури ё амалҳои он шикоят оварда мешавад;

– номи санади маъмурие, ки ба он шикоят оварда мешавад;

– моҳияти талабот;

– ҳолатҳое, ки талабот ба онҳо асос ёфтааст;

– намуди расмиёти маъмури барои баррасии шикояти маъмурӣ;

– номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки ба шикояти маъмурӣ замима гардидаанд.

Зимнан ёдрас менамоем, ки агар ба шахси шикояти маъмурӣ оварда санади маъмурӣ супурда шуда бошад, нусхаи он ба шикояти маъмурӣ замима карда мешавад.

Мӯҳлати пешниҳод намудани шикояти маъмурӣ дар қонун пешбинӣ шудааст ё не?

– Мӯҳлати пешниҳод намудани шикояти маъмурӣ аз болои санади маъмурӣ дар моддаи 94 Кодеси расмиёти маъмурӣ пешбини гардидааст. Шикояти маъмурӣ бояд дар давоми як моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо намудани санади маъмури пешниҳод карда шавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. Аммо, агар мӯҳлати пешниҳод намудани шикояти маъмурӣ бо сабабҳои узрнок гузаронида шуда бошад, пас ин мӯҳлат аз ҷониби мақомоти маъмурӣ барқарор карда мешавад. Дар сурати  гузарондани муҳлате, ки барои пешниҳод кардани шикоят аз болои санади маъмурӣ муқаррар карда шудааст ва агар ин мӯҳлат бо сабабҳои узрнок гузаронида шуда бошад, вале аз 1 (як) сол зиёд набошад, он бояд барқарор карда шавад.

Зимнан ёдрас мешавем, ки қонунҳои соҳавӣ метавонанд, ки мӯҳлатҳои дигари пешниҳод намудани шикояти маъмуриро пешбинӣ намоянд. Агар қонунҳои соҳавӣ мӯҳлати  махсуси пешниҳод намудани шикоят аз болои санади маъмуриро пешбинӣ накарда бошанд, пас мӯҳлат мувофиқи моддаи 94 Кодекси расмиёти маъмурӣ ҳисоб карда мешаванд.

Аз тарафи макомоти маъмурӣ дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун баррасӣ накардани аризаи маъмурӣ ва ба аризадиҳанда нафиристонидани ҷавоби расмӣ оиди натиҷаи муроҷиати ӯ, вайрон гардидани мӯҳлати қабул намудани санади маъмурӣ ба ҳисоб меравад ё не?

– Мувофиқи талаботи қонун, мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор мебошанд, ки аризаҳои маъмурии шарвандон ва шахсони ҳуқуқиро дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун баррасӣ намоянд. Мувофиқи талаботи қисми 2 моддаи 89 Кодеси расмиёти маъмурӣ аз тарафи мақомоти маъмурӣ вайрон кардани муҳлати муқарраргардидаи қабули санади маъмурӣ рад намудани қабули санади маъмурӣ эътироф карда мешавад ва аз болои он бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин боб шикоят карда мешавад. Бо ҳамин асос, аризадиҳанда ҳуқуқ дорад, бо тартиби маъмурӣ ба мақомоти маъмурии болоӣ шикоят намояд. 

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...