Сокини ноҳияи Панҷ Муҳаммад Исанқулов ба гумони даст доштан дар куштори падари 78-солааш боздошт шуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
Гуфта мешавад, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Намунаи ҳамин ноҳия Аваз Бӯстонови 78-сола рӯзи 7 июн кушта шудааст.
Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои фаврӣ гумонбаршуда – писари ӯ Муҳаммад Исанқулов боздошт шудааст.
“Ба гуфтаи гумонбаршуда, падару писар ҳамроҳ машрубот нӯшида, сипас байни онҳо ҷанҷол сар мезанад. Писар болғаро гирифта ба сари падар мезанад. Сипас ӯ ба дастону пойҳои паараш низ якчанд зарба мезанад”, – зикр мекунад милитсия.
Нисбати Муҳаммад Исанқулов мутобиқи моддаи 104 Кодекси ҷинояти Тоҷикистон (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Гумонбаршуда қаблан бо моддаи 141-и КҶ ҶТ (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанўз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст) маҳкум шудааст.