Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Орзу Исоев мавзуи шикоят аз болои қарору санадҳои мақомоти андозро ба баҳс кашиданд.
Фишурдаи ин суҳбатро дар шакли хаттӣ пешниҳоди шумо мекунем:
Оё аз болои қарор ва санадҳои мақомоти андоз шикоят намудан мумкин аст ё не? Шикоят дар давоми чанд рӯз пешниҳод карда мешавад?
– Ҳуқуқи шикоят намудан нисбат ба қарорҳо ва санадҳои мақомоти андоз ва шахсони мансабдори онҳо дар моддаи 159 Кодекси андоз кафолат дода шудааст. Ҳар як андозсупоранда ҳуқуқ дорад нисбат ба қарорҳо ва санадҳои мақомоти андоз, амал ё беамалии кормандони онҳо шикоят намояд. Шикоят нисбат ба санадҳои мақомоти андоз ҳамзамон маънои шикоят нисбат ба қарорҳои дар асоси чунин санадҳо қабулшударо дорад.
Зимнан ёдрас менамоем,ки қарорҳо ва санадҳои мақомоти андоз, ки бар хилофи талаботи Кодекси андоз қабул гардида, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро маҳдуд ё манъ менамоянд, эътибори қонунӣ надоранд.
Андозсупоранда метавонад ба мақомоти болоии андоз ва (ё) суд шикоят намояд. Шикоят нисбат ба санади санҷиши андоз, маблағҳои иловатан ҳисобшудаи андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо, инчунин дигар қарорҳои мақомоти андоз дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи аз ҷониби андозсупоранда гирифтани қарори мақомоти андоз пешниҳод карда мешавад.
Агар аз ҷониби шикояткунанда мӯҳлати сирӯзаи пешниҳод намудани шикоят ба мақомоти болоӣ гузашта бошад, мӯҳлати шикоят намудан барқарор карда мешавад ё не?
– Агар мӯҳлати шикоят намудан аз болои қарор ва санадҳои мақомоти андоз бо сабабҳои узрнок (масалан беморӣ, сафари хизматӣ ва ғайра) гузашта бошад, пас барқарор намудани мӯҳлати овардани шикоятро қонун кафолат додааст. Мувофиқи қисми 6 моддаи 159 Кодекси андоз дар сурати бо сабабҳои узрнок дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод нагардидани шикоят ба мақомоти андоз, мӯҳлати дар қисми 5 ҳамин модда муқарраршуда тибқи аризаи асоснокшудаи шахс аз ҷониби мақомоти болоии андоз дар доираи муҳлати даъво, ки Кодекси андоз муқаррар намудааст, барқарор карда мешавад.
Мӯҳлати баррасӣ намудани шикоят аз ҷониби роҳбари мақомоти андоз ё мақомоти болоии андоз чанд рӯз мебошад?
Мувофиқи қисми 7 моддаи 159 Кодекси андоз мақомоти андоз шикояти андозсупорандаро баррасӣ ва нисбат ба он қарор қабул намуда, дар муҳлати на бештар аз 30 (сӣ) рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ба мақомоти андоз ворид гардидани шикоят шахси шикояткунандаро расман (хаттӣ ё электронӣ) огоҳ менамояд. Аз меъёри мазкур чунин бармеояд, ки мӯҳлати баррасӣ намудани шикояти маъмурӣ дар соҳаи андоз 30 (сӣ) рӯзи тақвимӣ мебошад. Мақомоти андоз ҳуқуқ дорад дар асоси дархости андозсупоранда мӯҳлати пешниҳоди шикоятро то 30 рӯз тамдид намояд. Агар дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 7 ҳамин модда андозсупоранда аз мақомоти ҳудудии андоз xавоби расмӣ нагирад, ё ба мақомоти болоии андоз ва (ё) суд муроҷиат менамояд.
Аз натиҷаи баррасии шикоят мақомоти болоии андоз ё мақоми ваколатдори давлатӣ қарори дахлдор қабул намуда, нусхаи онро ба андозсупоранда ва ба мақомоти андозе, ки нисбат ба қарори он шикоят пешниҳод гардидааст ирсол менамояд. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад нисбат ба амал ё беамалии шахсони мансабдори мақомоти андоз бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ба суд шикоят намояд.
Оё ҳангоми баррасӣ намудани шикоят мақомоти болоии андоз ҳуқуқи таъйин намудани санҷиши такрории андозро доранд ё не?
– Бале, мақомоти болоии андоз ҳангоми баррасӣ намудани шикояти андозсупоранда, ҳуқуқи таъин намудани гузаронидани санҷиши такрории андозиро доранд. Мувофиқи қисми 7 моддаи 159 Кодекси андоз, мақомоти андоз ҳангоми баррасии шикояти андозсупоранда ҳуқуқ дорад, ки санҷиши андозӣ, аз ҷумла санҷиши такрории андозиро таъйин намояд ва ба андозсупоранда ва (ё) мақомоти андозе, ки санҷиши андозӣ гузаронидааст, ҷиҳати пешниҳоди иттилооти иловагӣ ё ин ки тавзеҳот вобаста ба масъалаҳои дар шикоят баёншуда дархост фиристад.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.