Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ду милиса дар минтақаи Кӯлоб бо гумони гирифтани пора дастгир ва нисбати онҳо парванда боз шудааст. Дар ин бора Қудбиддин Достизода, муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Номбурда афзуд, парвандаи айбдорӣ аз ҷониби прокуратураи минтақаи Кӯлоб боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.
Ӯ аз боздоштшудаҳо, Д. Шарифзода, муовини сардори ШВКД ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Фарҳоди А., ваколатдори фаврии шўъбаи кофтуковии ШВКД дар ноҳияи Мўъминобод ном бурд, ки ҳарду аз ҷониби Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Хатлон дастгир шудаанд.
"Нисбати Шарифзода бо моддаи 319 қисми 1 ва Фарҳоди А. бо моддаи 314 қисми 1 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Онҳо ба гирифтани пора айбдор мешаванд. Ҳоло парванда ба додгоҳ ирсол шудааст ва дар марҳалаи баррасӣ аст", -гуфт Достизода.