spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Бештар дар маориф ва тандурустӣ”. Оҷонсии зиддифасод 37 ҳолати хешутаборчигиро дар мақомоти давлатӣ ошкор кард

Оҷонсии зиддифасоди кишвар дар шаш моҳи соли ҷорӣ 37 ҳолати фаъолияти якҷояи хешутаборро дар мансабҳои давлатӣ ошкор ва бартараф кардааст. Дар ин бора, Нигора Муқимӣ, сардори Раёсати таҳлили хавфҳои фасод ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои фасодии Оҷонсии зиддифасод, имрӯз, 18 июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Муқимӣ афзуд, фаъолияти хешутаборӣ дар мансабҳои давлатӣ аз ҳама бештар дар соҳаи маориф ва танудрустӣ ба чашм мерасад.

– Аз ҷумла, 14 ҳолати фаъолияти хешутабориро дар соҳаи маориф, 13 ҳолат дар соҳаи тандурустӣ, 3 ҳолат дар вазорати фарҳанг, 2 ҳолат дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, 1 ҳолат дар корхонаи “Обу корез” ва 1 ҳолат дар кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва ғайра бартарф карда шудааст, – гуфт номбурда.

Гуфта мешавад, як ҳолати дигар низ дар Вазорати адлия будааст, ки бо дарназардошти тағйири қонунгузорӣ ва таҳти тобеият қарор надоштани чунин мансаб, бартараф нашудааст.

Ошкорсозии 37 мавриди хешутаборбозӣ дар шаш моҳи охир дар ҳоле аст, ки расонаҳо солҳои пеш низ дар мавриди хешутаборчигӣ дар мансабҳои давлатӣ, махсусан мансабҳои калидӣ дар кишвар гузоришҳо нашр мекарданд. Аз ҷумла соли 2019 Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар дода буд, ки 62 ҳолати хешутаборчигӣ дар ниҳодҳои давлатиро ошкор кардааст

Бар асоси моддаи 9-и қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” , шахс наметавонад ба мансабҳои давлатие таъин гардад, ки бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда ба мансабҳое бошад, ки онро хешовандони наздики ӯ ишғол кардаанд.

Тибқи қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” хешовандони наздик – зан, шавҳар, фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан, ё шавҳар, қудоҳо, келинҳо, домодҳо, ҳамчунин дигар шахсоне мебошанд, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...