Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Орзу Исоев мавзуи тартиби намояндагӣ дар расмиёти маъмуриро ба баҳс кашиданд.
Фишурдаи ин суҳбатро дар шакли хаттӣ пешниҳоди шумо мекунем:
Оё шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳақ доранд, ки тавасути намоянда ба мақомоти маъмурӣ муроҷиат намоянд?
– Бале, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд, ки доир бо масъалаҳои маъмурӣ тавасути намоянда ба мақомоти маъмурӣ муроҷиат намоянд. Ин ҳуқуқ дар моддаи 38 Кодекси расмиёти маъмури кафолат дода шудааст. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳақ доранд муносибатҳоро бо мақомоти маъмурӣ тавассути намоянда анҷом диҳанд. Зимнан қайд менамоем, ки доштани намоянда ин ҳуқуқ аст, на ӯҳдадорӣ. Мақомоти маъмурӣ ҳақ надорад аз тарафи манфиатдор талаб намояд, ки муносибатҳои худро бо мақоми маъмурӣ тавассути намоянда анҷом диҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бевосита қонун пешбинӣ кардааст.Танҳо шахси воқеӣ метавонад ҳамчун намоянда таъйин карда шавад.
Мақомоти маъмурӣ вазифадор аст аз намоянда ҳуҷҷатеро, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба расмият дароварда шуда, намояндагии ӯро тасдиқ мекунад, талаб намояд. Ваколати намоянда тавасути ваколатномаи тибқи тартиби муқарраргардида ба расмият даровардашуда тасдиқ карда мешавад.
Агар шаҳрванд намоянда дошта бошад, пас мукотибаи байни мақомоти маъмурӣ ва шаҳрванд чигуна амалӣ карда мешавад?
-Тартиби муносибати байни мақомоти маъмурӣ ва намоянда дар моддаи 39 Кодекси расмиёти маъмури танзим шудааст. Агар аризадиҳанда ё тарафи манфиатдор намоянда таъйин карда бошад, мақомоти маъмурӣ ба он намоянда ҳамаи ҳуҷҷатҳои ба тарафи манфиатдор тааллуқдоштаро мефиристад. Мақомоти маъмурӣ дар мавриди ҳама масъалаҳои расмиёти маъмурӣ ба намоянда муроҷиат мекунад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
Намоянда ҳақ дорад аз номи шахси намояндагишаванда ҳама амалиёти расмиётиеро, ки дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи намояндагӣ пешбинӣ гардидаанд, анҷом диҳад. Зимнан, ёдрас менамоем, ки тарафи манфиатдор, ки онро шахси дигар намояндагӣ мекунад, ҳақ дорад дар ҳамаи муҳокимаҳои шифоҳӣ ҳузур дошта бошад.
Дар кадом мавридҳо таъини намоянда дар расмиёти маъмурӣ ҳатмӣ мебошад?
– Ҳолатҳое, ки ҳангоми мавҷуд будани онҳо таъйини намоянда дар расмиёти маъмурӣ ҳатмӣ мебошад, дар моддаҳои 40-41 Кодекси расмиёти маъмурӣ пешбинӣ шудаанд. Тарафи манфиатдори дар расмиёти маъмурӣ иштироккунандае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор надорад, ӯҳдадор аст дар давоми 3 рӯзи баъди талаби мақомоти маъмурӣ намояндаи худро, ки дар Тоҷикистон қарор дорад, таъйин намояд. Агар ариза аз ҷониби бештар аз 25 шахс пешниҳод гардида бошад, шахсоне, ки аризаро имзо кардаанд, дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақомоти маъмурӣ як намояндаеро, ки барои анҷом додани муносибатҳо бо мақомоти маъмурӣ ваколатдор аст, таъйин мекунанд.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.