Дар Санкт-Петербург суд Роман Ивановро барои даъват ба хушунат аз рӯи мансубият ба миллат ба муҳлати се сол шартан аз озодӣ маҳрум кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти муттаҳидаи судҳои Санкт-Петербург.
Ба иттилои манбаъ, ӯ дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 280 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Русия (даъвати омавӣ ба амалисозии фаъолияти экстремистӣ тариқи интернет) гунаҳкор дониста шудааст.
Мувофиқи маводи парванда, моҳи майи соли равон маҳкумшуда дар гуруҳи «Нацистское сообщество» (Ҷамъияти миллатгаро) дар шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» корбаронро ба содир намудани амалҳои зӯроварона нисбат ба қирғизу тоҷикон, инчунин намояндагони мардуми Қафқоз даъват мекардааст.
Гуфта мешавад, худи Роман Иванов ба гуноҳаш пурра иқрор шудааст.
Суд ба Иванов ҷазои шартан маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол бо муҳлати озмоишии 3 сол таъин кард. Ӯ ҳамчунин дар муддати 2 солу 10 моҳ ҳуқуқ надорад, ки дар фаъолияти марбут ба ташкилоту иттиҳодҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо истифода аз сомона, шабакаҳои электронӣ ё иттилоотӣ бо шумули Интернет иштирок кунад.