Нурулло Раҳимов, ки дар олами ҷиноӣ бо лақаби “Кафтарбоз” машҳур буд, барои қочоқ ва фурӯши беш аз 13 кг маводи мухаддир 23 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, сардори Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ӯ гуфт, ҳамчунин, се ҳамроҳи Раҳимов – ду шаҳрванди Тоҷикистон, ҳар кадоме 16 сол ва як шаҳрванди Афғонистон 18 сол ҳабс шуданд.
Мақомот моҳи марти соли равон аз боздошти як гурӯҳи муташакили ҷиноӣ дар шаҳри Душанбе хабар дода буданд, ки дар қочоқ, фурӯш ва гардиши беш аз 13 кг воситаи нашъадори навъи “ҳашиш”, “афюн” ва “метамфетамин” гумонбар мешаванд.
Он замон, аз саркардаи ин гурӯҳ Нурулло Раҳимови 50-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки дар олами ҷиноӣ бо лаққаби “Кафтарбоз” шинос аст, ном бурда навишта буданд, ки ӯ ва бештари ҳаммаслаконаш пештар низ ҳабс шуда буданд.
Манбаъ аз аъзои дигари гурӯҳи муташаккил Саъдӣ Соқиев, сокини шаҳри Душанбе, Баҳрулло Минбаев, сокини ноҳияи Рудакӣ, ки пештар барои одамкушӣ 14 ҳабс шуда буд, Асроридин Жоббиров, сокини Душанбе, ки пеш низ барои маомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ҳабс шуда буд ва Расули Кабир, шаҳрванди Афғонистон, ки муваққатан дар Душанбе зиндагӣ мекард, ном бурда буданд.
Оҷонсии назорати маводи нашъаовар ҳамчунин гуфта буд, ки ҳангоми дастгир намудан Раҳимов бо худ 1 адад таппончаи тамғаи “Макаров” – ро нигоҳ медошт.
– Саркардаи гурӯҳи муташакил Раҳимов Нурулло чунин вонамуд сохтааст, ки бо истифода аз парвариш ва нигоҳубини паррандаҳо, ки гуё ҷузъи асосии фаъолияти соҳибкории ӯ ба ҳисоб меравад ва ҳама даромадҳояш ба қавле аз ин ҳисоб сарчашма мегиранд, даст ба амалҳои хариду фурӯши маводи нашъадор мезадаст, – гуфта буд мақомот.
Имрӯз, дар нишасти матбуотии Оҷонсии назорати маводи нашъаовар иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаву 578 кг 145 грам маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (1 тоннаву 695 кг 645 грам) 52 дарсад ё 882, 5 кг зиёд мебошад.
Дар соли 2022 оҷонсӣ фаъолияти 26 гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 47 нафар ошкор ва 3 гурӯҳи муташакили ҷиноятиро дар ҳайати 6 нафар дастгир кардааст.