spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ноҳияи Дӯстӣ: Муҳлати санҷишӣ барои ба худкуши расонидани ҳамсар

Додгоҳи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Идибой Раҳимов, як сокини ин ноҳияро барои ба худкушӣ расонидани ҳамсараш 5 сол ҳабс таъин кард, вале бо татбиқи моддаи 71 Кодекси ҷиноятӣ (шартан татбиқ накардани ҷазо) ҳабси ӯро ба се соли санҷишӣ иваз кард.

Додситони кулли кишвар бо нашри як иттилоия гуфтааст, ки ҳамсари Идибой Раҳимов ба муносибати бераҳмона ва бешармонаи шавҳараш тоб наоварда, рӯзи 1 марти соли равон бо қасди худкушӣ сирко (уксус) мехӯрад.

Маълум нест, ки аз ин ҳодиса кӣ огоҳ ёфта занро ба беморхона мебарад. Дар хабар танҳо гуфта шудааст, ки “баъди ба беморхонаи маркази бистарӣ гаштан, ҳаёташ наҷот дода шудааст”.

Гуфта мешавад, ки Идибой Раҳимови  57-сола нисбат ба ҳамсараш Муродгул Кенҷаева пайваста  муносибати бераҳмона ва бешармонаро ҷоиз дониста, шаъну эътибори ӯро паст мезадааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Маҳкум шудани падару писар барои ба худкушӣ расонидани арӯси хонадон

«Бо ҳукми суди ноҳияи Дӯстӣ, аз 20 майи соли 2022 Раҳимов И.К. дар содир намудани ҷиноят мутобици моддаи 109 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 5 сол бо нигоҳ доштан дар коллонияи ислоҳии низомаш пурзӯр таъин карда, бо татбиқи моддаи 71 КҶ Ҷумҳурии Тоыикистон ҷазои таъинкарда шартан татбиқ карда нашуда, нисбати ӯ се сол мӯҳлати санҷишӣ иваз карда шудааст», – омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Ин ниҳод гуфтааст, ки Идибой ва Муродгул тариқи расму оини мусулмонь оиладор шуда, аз зиндагии оилавияшон соҳиби як фарзанд мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ, 108 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ аз ҷониби занон ва духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 21 адад кам аст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, сабаби аслии даст ба худкушӣ задани занону духтарон низоъҳои оилавӣ ва хушунати хонаводагӣ мебошад.

Мақомот худкушии занону духтаронро бемории рӯҳӣ мегӯянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...