Мақомоти милитсияи Душанбе давоми як шабонарӯз 5 нафар занони қонуншиканро боздошт намуданд, ки 2 нафари онҳо ҳоло 18-сола ҳам набуданд.
Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар ҳодисаи аввал сокини 50-солаи пойтахт Мунаввар Нуралиева боздошт шудааст.
Номбурда дар манзили истиқоматии худ бо истифода аз ҳар гуна ашёҳо ба сеҳргариву ҷодугарӣ машғул гардида, бо ин роҳ маблағ ба даст меовардааст, – омадааст дар хабари Раёсат. – Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда протокол тартиб дода шуда, ба маблағи 2560-сомонӣ ҷарима шуд”.
Ҳамин рӯз ду нафар ҷавондухтар, ки дар асл ҷисми солиму бозӯи неруманд доранд ва танҳо бо мақсади ба даст овардани мабағ худро маъюб вонамуд месозанд, муайян ва дастгир карда шуданд.
“Зимни санҷиш ошкор гардид, ки Сабрина Наскаковаи 22-сола ва хешовандаш Сафина Наскаковаи 18-сола, ҳарду сокини шаҳри Ваҳдат дар роҳи нақлиётгард худро маъюб вонамуд сохта, аз шаҳрвандону роҳгузарон талаби кумак мекарданд”, – омадааст дар хабари милитсияи пойтахт.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуда, бо мақсади минбаъд ба чунин амали нагин даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.
Ғайр аз ин, дар асоси муроҷиати як нафар сокини шаҳри Душанбе ду нафар ноболиғ, духтарони 15 ва 16-солаи сокинони пойтахт барои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудани аксу наворҳои бадномкунанда дастгир карда шуданд. Аз духтарон ном бурда намешавад.
“Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурдагон дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» саҳифаи махсус кушода, бо паҳн намудани аксу наворҳои дигар ҷавондухтарон аз онҳо маблағҳои пулӣ талаб мекардаанд”, – омадааст дар хабар.
Вобаста ба ҳолати мазкур бинобар сабаби ноболиғ будани дастгиршудагон нисбати волидайни протокол тартиб дода шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин кирдори зиддиҳуқуқӣ даст назадан, ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.