spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Сокини Истаравшан мехост, ки кӯдаки 2-соларо фурӯшад

Модари 27-солаи 3 фарзанд аз Истаравшан ба кӯшиши фурӯши писари 2-солаи худ ба як марде аз ноҳияи Ҷаббор Рауслов гумонбар дониста мешавад. Фарзанди худро ӯ 40 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 4 ҳазор доллар) “нарх гузошта буд”. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар гузориши телевизионии ҳафтаинаи худ – “Ахбори ВКД” хабар дод.

Гуфта мешавад, кормандони милитсияи ноҳияи Ҷаббор Расулов Мақсуда Юсуфоваро рӯзи 15 август дар бозори маҳаллии “Ашроф” ҳангоми аз харидор гирифтани пешпардохт ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ, ба кормандони милитсия маълумот расидааст, ки Юсуфова бо сокини ин ноҳия дар бораи фурӯши кӯдак гапзанон кардаанд ва онҳо тасмим гирифтаанд, ки барои боздошти зан бо далели шайъӣ, як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ кунанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар ҳамин ҳол, Акбар Шарифӣ мегӯяд, агар қаблан дар ҳолатҳои фурӯши кӯдакон ба ҳайси гунаҳкор “занони гумроҳшуда" ба хотири шарманда нашудан ба даст меафтоданд, пас вазъияти марбут ба Мақсуда Юсуфова аз онҳо комилан фарқ мекунад, зеро ӯ фарзанди қонунии аз собиқ шавҳараш таваллудшударо фурӯхтан мехост.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Хариду фурӯши тифли навзод ба маблағи 1000 сомонӣ

Дар гузориш Мақсуда Юсуфова изҳор мекунад, ки пештар писарашро ба интернат супорида, лекин баъдан аз онҷо гирифтааст.

Кӯдакеро, ки ӯ фурӯхтан мехост, фарзанди сеюми оила будааст. Шавҳараш аз ӯ ҷудо шуда, зан бо се кӯдак яккаву танҳо мемонад. Зан иқрор мешавад, ки аз фурӯхтани фарзанди хурдиаш каме пул ба даст оварданӣ будааст…

Нисбат ба Юсуфова мутобиқи моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Хариду фурӯши ноболиғон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар сурати исботи гуноҳаш, ӯ ба муҳлати аз 5 то 8 соли зиндон маҳкум шуда метавонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...