spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Боздошти раиси Ассосиатсияи занҳои соҳибкори Хатлон бо гумони тасарруфи беш аз 748 ҳазор сомонӣ

Агентии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошти Рано Назирова, раиси Ассосиатсияи занҳои соҳибкори Хатлон хабар дода, навиштааст, ки ӯ барои тасарруфи 748 ҳазору 435 сомонӣ аз занони соҳибкори вилоят гумонбар мешавад. Дар бора Маркази матбуоти Агентии зиддифасоди кишвар хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, номбурда бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба боварии занҳои соҳибкор даромада, барои қабул намудан ба аъзогии Ассотсиатсия мазкур, аз онҳо дар 200 ҳолат маблағи умумӣ 748 ҳазору 435 сомониро гирифтааст ва ваъда додааст, ки маблағҳои гирифтаашро дар суратҳисоби соҳибкорон нигоҳ дошта, дар баробари ин, аз ҳисоби Фонди хориҷии “МАR/IIICOPITAL” ба онҳо маблағи грантии бебозгашт ҷудо карда медиҳад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Агентии зиддифасод тасарруфи 1,8 млн. сомонӣ ва хабари боздошти Шоҳин Саидзодаро шарҳ дод

“Бо ҳамин тарзу усул Назирова Рано маблағи бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба даст овардаашро тасарруф намуда, ба занони соҳибкор зарари махсусан калони моддӣ расонидааст”, – гуфта мешавад дар хабари Агентӣ.

Гуфта мешавад, ки нисбати Назирова Рано бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол карда шудааст.

Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷарима ба  андозаи 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (93 ҳазору 440 то 140 ҳазору 160 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз  8  то 12 сол пешбинӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...