Прокурор дар мурофиаи додгоҳӣ, ки имрӯз, 29-уми сентябр, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО), паси дарҳои баста, баргузор гардид, барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ, журналисти боздоштшудаи тоҷик 8 соли зиндони низомаш пурзӯр талаб намудааст. Дар ин бора Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки суд ҳамаи талабу дархости Абдуллоҳ ва вакили дифоъашро дар хусуси “даъвати шоҳиди иловагӣ, пешниҳоди наворҳои атрофи бинои шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур, ки дар он эҳтимоли ҳамлаи журналист ба кормандони милиса сабт шудааст” рад кардааст.
Ҳамчунин, дар мурофиаи имрӯза, масъалаи гирифтани маблағ бораи таблиғи ширкати "Элнур" (Elnor) баррасӣ шуд, ки ба гуфтаи мақомот, роҳбараш Идибек Латипов, дар "рӯйхати сиёҳ"-и Бонки Миллии Тоҷикистон ва дар қатори "шахсони моил ба терроризм" аст. Худи Идибек Латипов ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз соли 2007 боз дар Миср кору зиндагӣ дорад ва иттиҳоми мақомот нисбаташ "беасос" аст..
Гуфтан зарур аст, ки имрӯз, дуюмин мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар боздоштгоҳ ва боз ҳам пушти дарҳои баста ҷараён гирифт ва ба он ҳеҷ яке аз наздикони Абдуллоҳ, бо шумули ҳамрсари ӯро роҳ надодаанд. Танҳо як шоҳид барои додани шоҳидӣ ба мурофиа даъват шуд.
Пас аз анҷоми мурофиаи дуюм судя ва вакили дифои Абдуллоҳ аз шарҳи ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ худдорӣ намуданд.
Дар мурофиаи аввал низ ба касе иҷозаи вуруд ба мурофиаро надода буданд. Танҳо ҳамсари Абдуллоҳ ҳамчун шоҳид ба мурофиа даъват гардид ва пас аз шоҳидӣ, толорро тарк намуд.
Сабаби ба мурофиа роҳ надодани пайвандони Абдуллоҳ ва журналистон ва ҳамин тавр, пушти дарҳои баста баргузор намудани мурофиа то ҳол маълум нест ва касе шарҳ намедиҳад.
Мурофиа таҳти раисии судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур Беҳруз Шифо ҷараён дорад. Ӯ пас аз мурофиаи аввал аз шарҳи ҷараёни мурофиа ва сабаби пушти дарҳои баста баргузор шудани он худдорӣ намуд ва танҳо гуфт “маълумот надорам”.
Абдуллоҳ Ғурбати яке аз чор журналистони боздоштшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд.
Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.
Наздикон ва худи Абдуллоҳ ҳамаи иттиҳомҳоро нисбати ӯ эълоншударо бо қатъият рад мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.