Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия мегӯяд, ки воқеан хабари ошкор ва боздошти гуруҳи муташаккил дар маҳбаси Хуҷанд дуруст аст ва ҳоло нисбати чанд нафар саркардагон ва аъзоёни ин гуруҳ парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст. Ӯ ба “Asia-Plus” гуфт, ҳоло тафтишот идома дорад ва “ин гуруҳи муташаккили ҳампаймон” чӣ ҳадаф доштанд, то ҳол барои худи онҳо низ номаълум аст.
Бояд гуфт, ки дар хусуси “муҳокимаи 68 зиндонӣ ва нақшаи ошӯби "Ҷамоати Муваҳиддин" дар зиндони Хуҷанд” аввалин шуда Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ иттилоъ дод.
Ин расона навишт, ки “муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи беш аз 60 маҳбуси яке аз зиндонҳои шаҳри Хуҷандро ба иттиҳоми омодагӣ ба “ошӯб” ва “қасди куштори кормандони муассисаи ислоҳии рақами 3” анҷом додаанд”, аммо шарҳи расмии ин хабар аз ҷониби мақомот гуфта намешуд.
Ба гуфтаи Мансурҷон Умаров, ин ҳодиса ду моҳи пеш сурат гирифта, дар рафти тафтишоти кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ин гиреҳ бозкушоӣ шуд ва аъзоёни гуруҳи муташаккил муайян гардиданд.
“Мақсаду мароми ин гурӯҳи зиндониён қатлу куштор набуд ва мо ин гуна далел надорем. Аммо онҳо мехостанд, ки дар дохили маҳбас гурӯҳи муташаккили ҳампаймон ташкил диҳанд ва ба ҳам даст дода буданд”, – гуфт сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ.
Ӯ афзуд, ки зиндониёне, ки гуруҳи муташаккил ташкил карда буданд, бо гуноҳҳои ифротгароӣ ва шомил будан ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ равонаи маҳбас шуда буданд.
“Чанде аз маҳбусон, ки дар ин гуруҳ шомиланд, дар нооромии маҳбаси шаҳри Ваҳдат дар соли 2019 низ даст доштанд”, – гуфт Мансурҷон Умаров.
Ба қавли Мансурҷон Умаров гуруҳи муташаккилро дар дохили маҳбас Азизбек Мирзоев ва Ҷамшед ном маҳбус сарварӣ мекардаанд, ки ҳар ду қаблан бо ин намуди ҷиноят дар маҳбас гунаҳкор дониста шудаанд. Радиои Озодӣ низ бо такя ба манобеи худ навишт, ки Азизбек Мирзоев, сардори ин гуруҳ аз ноҳияи Шаҳринав буда, ба қавли худи маҳбусон “Амир”-и ин гуруҳ дониста мешудааст.
Мансурҷон Умаров шумораи ҳамаи аъзоёни “иттиҳоди ҷиноятӣ”-ро дақиқ нагуфт, вале таъкид намуд, ки “ҳоло алайҳи 30 нафари ин маҳбусон аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шудааст ва нисбати чанд нафари дигар, тафтишоти иловагӣ идома дорад”.
Сабаби даст ба ташкили гуруҳи ҷиноятӣ задан ва эҳтимоли қасди ошӯбу куштор кардани маҳбусон то ҳол маълум нест ва Мансурҷон Умаров ҳам дар ин замина шарҳи дақиқ надод, аммо Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ, эҳтимоли “сохтакорӣ ба хотири мансаб гирифтани баъзе кормандони муассисаи ислоҳӣ”-ро яке аз сабабҳои имконпазири рӯ задани қазияи мазкур менависад.
Гуфтан ба маврид аст, ки ин аз камтарин ҳолатҳои ошкор шудани гуруҳи муташаккил дар зиндонҳо ва пешгирӣ аз ошӯби эҳтимолӣ аст, ки мақомот онро расман эътироф мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2018 дар маҳбаси Хуҷанд ошӯби маҳбусон ба қайд гирифта шуда буд, ки дар ҷараёни хомӯш кардани он чанд нафар кушта шуданд. Пас аз ин ҳодиса, Иззатулло Шарипов, сардори пешини Сарраёсати ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия аз вазифа сабукдӯш ва ба ҷойи ӯ сардори кунунии ин идора Мансурҷон Умаров таъйин шуда буд.