Дар шаҳри Хуҷанд кормандони милитсия Аҳмадалӣ Муллоодиназодаро ба гумони фурӯши силоҳи оташфишон боздошт намуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД -и ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ дар шаҳри Хуҷанд ҳангоми кӯшиши фурӯши автомати Калашников (АКС-74) бо 49 дона тир дар тирдонаш боздошт шудааст.
“Айни замон мақомоти тафтишот аз куҷо дастрас шудани силоҳи оташфишон ва робитаи боздоштшударо бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша мавриди таҳқиқ қарор додааанд”, – хабар медиҳад ВКД.
Гуфта мешавад, нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 195 Кодекси ҷиноии ҶТ (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Дар ин моддаи Кодекс ҷазои ҷарима ба маблағи аз 1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 64 сомонӣ) ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 5 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 3 сол пешбинӣ шудааст.