spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Прокуратураи генералӣ гуфт, чаро Абдуллоҳ Ғурбатӣ зиндонӣ шуд

Бо гузашти қариб як моҳи зиндонӣ шудани Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони тоҷик, Прокуратураи генералии Тоҷикистон баъзе ҷузъиёти парвандаи ҷиноятии ӯро ошкор кард ва гуфт, ӯ чаро боздошт ва ҳабс гардид.

Дар изҳороти ин ниҳод, ки шоми имрӯз, 3-юми ноябр, дар сомонаи расмии Прокуратураи генералии Тоҷикистон нашр шуд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба фаъолияти ифротгароӣ (экстремистӣ), бадномсозии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ва зӯроварӣ алайҳи намояндаи ҳокимияти давлатӣ муттаҳам мешавад.

“Давоми солҳои 2021-2022 аз ҷониби Ғурбатов А.У. (Абдуллоҳ Ғурбатӣ-дар назар аст) дар шабакаи иҷтимоии интернетии «Фейсбук» чандин матлабҳо ва мақолаҳо ошкоро ва пардапӯшон нашр шудаанд, ки дар он пайваста бадномсозии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дида шуда, дар амалу кирдорҳои Ғурбатов А.У. аломатҳои фаъолияти экстремистӣ ҷой доранд”, – зикр мегардад дар изҳороти Прокуратураи генералӣ.

Прокуратура навиштаи зерини Абдуллоҳ Ғурбатиро ҳамчун мисол овардааст: “Агар ин миллат як соҳиб медошт, Агар ин давлат як қонун медошт, Агар ин ҳуқумат як вазир медошт, ҷавони тоҷик аз тиреза поин фикандани худро аз хидмат ба ин миллат боло намедонист!!! Ва ё ҷавони тоҷикро ба ҳиллаву фиребу найранг ба хидмати модару ватан намебурданд. Ҳоло ҳар дашноме мехоҳед ба ман бидиҳед ба «биҳишти рӯӣ заминатон бовар надорам. Ба ягон идеяи миллӣ, ба ягон вазиру кабиру пешво бовар надорам. Ғурури миллӣ чӣ ки худи миллат буданамон зери суоли калон рафтааст”.

Ин матнро Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 12-уми майи соли равон, дар шарҳи “облава”-и донишомӯзони Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Ёвон дар Фейсбук навиштааст.

Дар идома, Прокуратураи генералӣ гуфтааст, ки Ғурбатӣ бо имзои мустаъор, барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистии худ, рӯзи 13 ноябри соли 2019 ба канали «Аzda tv» дар шабакаи иҷтимоии интернетии «Ютуб» аъзо шудааст, ки он ба яке иттиҳодияи дорои хусусияти экстремистӣ ва террористидоштаи «Паймони миллӣ», «Ҳизби наҳзати ислом» (фаъолияти ҳарду ташкилот дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) мансуб мебошад.

“Наворҳои паҳн намудаи онро («Аzda tv»- дар назар аст) пайгирӣ намуда, барои рангинсозии барномаҳои худ истифодабарӣ менамудааст”, – омадааст дар изҳороти Прокуратураи генералӣ.

Ин ниҳод гуфтааст, вақте Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июни соли 2022 дар доираи парвандаи ҷиноятии Далери Имомалӣ, рӯзноманигори дигари зиндонии тоҷик, ҳамчун шоҳид ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт даъват шуд, майор Муродов Ҷ.Д., корманди ин шуъбаро суханҳои қабеҳ ва дашном дода, ӯро таҳқир кардааст.

“Ғурбатов А.У. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода ба суханҳои қабеҳ задааш, дашном доданаш ва таҳқири кардааш нисбати сардори МХМ№7 ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, майори милитсия Муродов Д.Ҷ., қаноат накарда, дидаю дониста, ки номбурда дар вақти иҷрои вазифаи хизматӣ мебошад, дар дохили нуқтаи гузаргоҳи назорати қисми навбатдорӣ ШВКД-1-и номбурда, бо истифодаи зӯроварӣ пагони китфи чап ва чор адад тугмаи куртаи низомии Муродов Д.Ҷ.-ро канда дар ҳузури шаҳрвандон як мушт ба гарданаш задааст”, – омадааст дар изҳороти Прокуратураи генералӣ.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд

Гуфтан ба маврид аст, ки ин ягона ниҳоди расмии Тоҷикистон мебошад, ки дар робита ба сабабҳои боздошт ва зиндонӣ шудани рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ шарҳи расмӣ интишор намуд.

Ёдовар мешавем, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ моҳи июни соли равон боздошт ва бар зиддиаш бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз гардид. Ӯ рӯзи 4-уми октябр бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур 7,5 сол равонаи зиндон шуд. Ғурбатӣ худашро дар суд бегуноҳ эътироф кард ва  ҳамкоришаро бо ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъро қотеъона рад кардааст.

Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд.

Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият”  (моддаҳои 330 қисми 1 ва 328 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ дар иштирок ба ҳизбу ҳаркатҳои дар Тоҷикистон манӯъ (моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) гунаҳкор дониста шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...