spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Писари Саидмӯъмин Раҳимов 20 сол равонаи зиндон шуд

Суди шаҳри Душанбе Саидаҳмад Раҳимов, писари гӯштингири маъруфи тоҷик, аввалин қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо аз Тоҷикистон Саидмӯъмин Раҳимовро  барои даст доштан дар куштор гунаҳкор дониста, 20 сол равонаи зиндон кардааст.

Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки ҳукм имрӯз, 10-уми ноябр содир шуд ва қаблан айборкунандаи давлатӣ низ барои Саидаҳмад Раҳимов 20 соли зиндонро хоста буд.

Фирдавс Субҳонзод, вакили дифои Саидаҳмад Раҳимов пас аз эълони ҳукми суд ба Радиои Озодӣ гуфтааст, зерҳимояааш дар мурофиаи додгоҳӣ аз кирдораш пушаймонӣ кард ва хоҳиш намуд ҷавонӣ, доштани фарзанди ноболиғ ва саробони хонавода буданашро ба назар гирифта, ба ӯ ҷазои сабуктар диҳанд.

"Аз тарафи хешовандони зерҳимояам ба наздикони ҷабрдида 52 ҳазор сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ дода шуд, ки онҳо баъди қабули ин маблағ аз даъво даст мекашанд, аммо ба гуфтаи худ наистоданд",-афзудааст Фирдавс Субҳонзод.

Дар ҳамин ҳол, даъвои пулгирӣ ва даст кашидани аз даъворо хонаводаи Муҳаммадҷовид Зокирзода, ҷавони кушташуда рад карда, гуфтаанд, аз ҳукмси суд розианд ва ин ҳам ба хотири кӯдаки ноболиғ доштани Саидаҳмад Раҳимов аст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ВКД хабар дода буд, ки Саидаҳмад Раҳимови 22-сола, писари ҷаҳонпаҳлавони тоҷик, Саидмӯъмин Раҳимов ба гумони даст доштан дар куштори Маҳаммадҷовид Зокирзода, шиноси худ ва сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб боздошт шуд.

Гуфта мешуд, ки ҳодисаи куштори Муҳаммадҷовид Зокирзода рӯзи 5 августи соли равон рух дод ва ӯ бо 17 зарбаи корд кушта шудааст.

ССЫЛКИ ПО ТЕМЕ
Писари паҳлавони маъруфи тоҷикро дар куштор гумонбар медонанд

“Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки гумонбаршуда ва фавтида байни худ муносибатҳои молиявӣ доштаанд, – зикр шуд дар гузориши ВКД. – Қарзи пулӣ ба муноқиша бо анҷоми хунин боис гардид”.

“Вақте гардани маро гирифт, дастонам кушода буданд. Чанд бор ӯро тела дода, лекин озод шуда натавонистам. То сар доданаш ба шикаму пойҳояш бо корд зарба задам. Вақте ки маро раҳо кард, дидам, ки хун равон аст. Инро дида гурехтам…”, – нақл мекунад дар навори видео худи Саидаҳмад Раҳимов.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 17 август зимни мусоҳиба ба Радиои Озодӣ, модари ҷавони кушташуда Матлуба Ғаниева дар ин робита изҳор намудааст, ки писараш ба тиҷорат машғул буд ва ҳамон рӯз бояд ба Туркия барои маҳсулот парвоз мекард.

"Ҳамон рӯзе, ки мурдаи писарамро оварданд, соати 1 ё 2 бачаи ман билет дошт, бояд мерафт Туркия. Хайрухуш кард. Ба рафиқаш, ки ҳамсинф низ ҳастанд, гуфт, пулро дода наметавонистӣ, мегуфтӣ наметавонам. Рафиқаш ваъда дод, ки медиҳам, рафтем хонаи хусурам. Пулро надиҳам гуфта, бачаамро 16 корд зада куштааст", – гуфтааст модари Муҳаммадҷовид.

Саидмӯъмин Раҳимов (1946-2009) аввалин гӯштингир аз Тоҷикистон аст, ки ба унвони қаҳрамон ҷаҳон оид ба самбо дар соли 1975 шарафёб гардид. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳозир номи ӯро дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...