Фотима Амирхонова, духтари 18-сола аз шаҳри Бӯстон, ки бо пахши наворҳои баҳсбарангез дар саҳифаи Instagram маъруф буд, бинобар истифодаи ибораҳои таҳқиромез ва хусусияти шаҳвонидошта ба муҳлати 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти ВКД хабар медиҳад.
Ӯ муаллифи ибораи “берун як намуд хунук аст, ки…” буд ва дар чанд муддати ахир дар “История” ва “Рилс”-ҳои Instagram ва Facebook давр мезад.
ВКД бо боздошти ин духтар навиштааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ блогероне пайдо шудаанд, ки бо мақсади ҳарчи зиёд кардани обуначиён худ наворҳои хусусияти шаҳвонидошта ва ё истифодаи суханҳои қабеҳи хусусияти ғайриинсонӣ, ки ба урфу одати мардуми тоҷик тамоман бегона аст, ба навор гирифта, тавассути саҳифаҳои худ дар фазои иттилоотӣ паҳн менамоянд.
Ин ниҳод аз шаҳрвандон, ба вижа аз блогерон хоҳиш кардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз истифодаи ибораҳои таҳқиромез худдорӣ намоянд.
Гуфтан лозим аст, ки чанд рӯз пеш аз боздошт Фотима Амирхонова дар як суҳбати худ бо блогери дигари тоҷик изҳолр намуда буд, ки “бо кори баде машғул нест”.