spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Навбат ба мардони блогер? Мақомот аз боздошти соҳиби канали “Ҳодиса ТВ ” хабар дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ду “блогер”-и 22-соларо, ки дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” бо номи “Ҳодиса ТВ” канал кушода, маводи шаҳвонӣ ё порнографиро паҳн мекарданд, боздошт ва 10 шабонарӯз ҳабс кардааст.

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД Тоҷикистон дар гузориши “Ахбори ВКД”, ки шоми 21-уми декабр нашр шуд, аз онҳо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амрохон Абдуллоеви 23-сола ва Рустам Фозилови 22-сола ном бурд ва гуфт, ки “онҳо ба хотири ҷалби тамошобини бештар ва гирифтани лайки зиёд аксҳои шаҳрвандонро аз саҳифаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта, ба бадани онҳое, ки дар видеоҳои порнографӣ иштирок мекунанд, мечаспонданд ва дар саҳифаашон, дар шабакаи Инстаграм нашр мекарданд”.

Худи “блогер”-он низ дар ин гузориш аз кирдори худ изҳори пушаймонӣ карда, эътироф намудаанд, ки ҳадафашон аз паҳн кардани маводи порнографӣ ҷамъ овардани тамошобину лайки зиёд буд.

ВКД гуфт, боздошти ин ду ба ном “блогер” аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД сурат гирифта, онҳо 10 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд.

Зимнан, гуфта намешавад, ки онҳо бо кадом моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии Тоҷикистон ҷазо дода шуданд.

Ҳамин тариқ, гуфта нашудааст, ки канале, ки онҳо фаъол кардаанд, бо канали замоне маъруфи “Ҳодиса ТВ”, ки пиромуни масоили доғ ва дар баъзе маврдҳо, навори хусусияти шаҳвонидошта нашр мекард, рабте дорад ё на?

Боздошти ду блогери мард дар ҳолест, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон вақтҳои охир бар муҳтавои маводе, ки блогерҳо ва дигар корбарони тоҷик дар Интернет мегузоранд, назоратро сахт карда, дар як моҳи охир, аллакай чандин блогери занро барои нашри маводи “бадахлоқона” ҷазо доданд.

Аз ҷумла, моҳи гузашта мақомот як духтари 18-сола аз шаҳри Бӯстонро, ки бо пахши наворҳои баҳсбарангез дар саҳифаи “Instagram” маъруф буд, “бинобар истифодаи ибораҳои таҳқиромез ва хусусияти шаҳвонидошта” ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс кард.

Баъди як ҳафта, дар Интернет сабтҳои видеои узрхоҳии алоҳидаи овозхони ҷавон Рафоати Ҷамшед, блогер Ҷонон Ашурова ва раққоса Суман Қамбарова нашр шуд, ки онҳо “барои рафтори ношоистаи худ” аз мардуми тоҷик узр мепурсанд ва бо изҳори сипос ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ваъда медиҳанд, ки “аз ин ба баъд ба либоси миллӣ ва ахлоқу арзишҳои миллӣ арҷу эҳтиром гузошта, даст ба рафторе нахоҳанд зад, ки духтари тоҷикро бадном кунад”.

Дар ин ҳолат, ягон ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон доир ба барои суҳбат даъват шудани ин ҳунармандон хабари расмӣ нашр накард. Маркази матбуоти ВКД аз сабти ин видеоҳо аз ҷониби ниҳодҳои зирабти ин вазорат изҳори бехабарӣ кард.

Чанд рӯз пас аз ин, Раёсати ВКД дар Душанбе  аз муҷозоти як ҷавонзани блогер барои дашномҳои қабеҳ дар пахши мустақимаш дар шабакаи “Тик-Ток” хабар дод. Мақомот гуфтанд ӯ ҷарима шуд, вале дар асоси кадом модда ва чӣ қадар ҷарима шуд, хабар дода намешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Нисбати блогнависи точик пас аз нашри акси таҳрикомез парвандаи ҷиноятӣ боз шуд

Милитсияи пойтахт гуфт, “ин зан бо хости як қатор истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки наворҳои пур аз дашномҳои қабеҳи ӯро ба онҳо равон карданд, дастгир ва нисбаташ чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуд”.

Дар ҳамин ҳол, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гуфт, минбаъд низ боздошту ҳабси духтарони блогерро идома медиҳад, “чунки он аз ҷониби шаҳрвандон ҳамовозӣ пайдо кардааст”.

Ба таъкиди ин ниҳод, мақсад пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифатнокию одоби истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва нигоҳ доштани фарҳангу ҳувияти миллӣ аст.

Дар се ҳолат ҳам мақомоти қудратии кишвар моддаи мушаххасе, ки блогерони ҷавон бо он ҷазо дода шуданд, зикр нашудааст. Ҳам аз ВКД ва ҳам аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нагуфтанд, ки духтарони блогер бо кадом модда ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки акси духтарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва онҳо аллакай ҷазо гирифтаанд.

Баъдан гуруҳе аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ эътироз карданд, ки чаро мақомот танҳо блогерони занро дастгир ва муҷозот мекунанд, дар ҳоле ки блогерони мард низ дар наворҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз алфози қабеҳ истифода мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...