spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Як сокини Хуросон барои сӯиқасд ба ҷони ҳамсараш 11 сол равонаи зиндон шуд

Як сокини ноҳияи Хуросон барои сӯиқасд ба ҷони ҳамсараш, ки бо ӯ зиндагии якҷоя ва ду кӯдак доштанд, 11 сол равонаи зиндон шудааст.

Маркази матбуоти Додситони кулли Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар додааст, ки ҳодиса шаби рӯзи 24-уми августи соли равон рух дода, С. Муҳсидинов аз рӯи рашк ҳамсараш Шаҳноза Расуловаро, ки дар хонаи волидайнаш зиндагӣ мекард, бо корди ошхонагӣ чанд зарба задааст.

“Рӯзи 25-уми августи соли 2022, соати 9:00 ҳангоми ба корҳои хона машғул шудани ҳамсараш Расулова Ш.М. аз набудани дигар аъзоёни хонаводаи Муҳсиддинов С.Г. истифода бурда, Расулова Ш.М.-ро дошта, ба ҳуҷраи манзили истиқоматӣ дароварда, бо корди дар дасташ буда, ба узвҳои ҳаётан муҳими охирин зада, бинобар доду фиғон бардоштани ҳамсараш аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.”, – омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, ки аз сабаби сари вақт ба беморхона интиқол додани Расулова Шаҳноза ва расонидани ёрии саривақтии тиббӣ ӯ зинда мондааст.

Ҳамин тариқ, бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Хуросон  аз 7 октябри соли 2022 Муҳсиддинов С.Г. бо моддаҳои 32 қисми 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўиқасди ҷиноят) ва 104 қисми 1 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор ва 11 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр гардид.

Ёдовар мешавем, ки чанд соли охир ҳодисаи куштори ҳамсар аз сӯи шавҳар зиёд ба гӯш мерасад ва мақомот омилҳои онро рашку ҳасад ва тоб наовардан ба мушкилоти зиндагӣ мегӯянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...