Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамла ба се шаҳрванди Тоҷикистонро дар вилояти Ленинград тасдиқ кард ва гуфт, дар ҳоли ҳозир шахсияти ҷабрдидаҳо муайян карда мешавад.
Як масъули сафорат дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфт, сабаби ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик то ҳол маълум нест ва Сафорати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти марбутаи Русия боз кардани парвандаи ҷиноиро баррасӣ доранд.
«Сафорат ва Консулгарии генералӣ дар Санкт-Петербург аз ин қазия огоҳанд ва онро пайгирӣ доранд. Мақомоти интизомии Русия масъалаи боз кардани парвандаи ҷиноиро баррасӣ доранд, тафтишоти пешакӣ идома дорад», – гуфт манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш расонаҳои Русия иттилоъ доданд, ки ду нафар ба сӯи сохтмоне, ки се муҳоҷири тоҷик кор мекарданд, тирпарронӣ карда, баъд аз он мехостанд биноро оташ зананд.
Ҳодиса шоми 26-уми декабр дар ноҳияи Лодейнополски вилояти Ленинград рух додааст.
Вақте шаҳрвандони Тоҷикистон ба корҳои таъмиркунӣ машғул буданд, ду нафар ба онҳо наздик шуданд. Яке аз онҳо шишаеро бо латтаи даргиронда (Коктейл Молотов) ба сӯи хона партофт ва дуюмӣ аз дастгоҳи номаълум се тир холӣ кард.
Дар ин ҳамла касе осеб надидааст. Кормандони пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, се тири яроқ ва як “Коктейл Молотов”-ро дарёфт кардаанд.
Айни ҳол ҳамлагарон ҷустуҷӯ мешаванд.