Мақомоти пулиси Туркия ду нафар узви эҳтимолии гурӯҳи фаъолияташ манъшудаи “Давлати исломӣ” (ДОИШ)-ро, ки дар шаби Соли нав анҷом додани амали террористиро дар Истанбюул тарҳрезӣ карда будаанд, боздошт намуд. Дар ин бора рӯзи 7 январ газетаи Sabah хабар додааст.
Гумонбарон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон будаанд. Чанд соат пеш аз фарорасии Соли нави мелодӣ онҳо кӯшиш кардаанд, ки аз назари кормандони пулиси онҳоро пайгиридошта дар мавзеи Башакшеҳири Истанбул пинҳон шаванд. Лекин кормандони пулис бо тирпаронӣ ба чархҳои автомашина, онҳоро боздошт кардаанд.
Гуфта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон бо ному насаби К.З.И. ва лақаби “Абӯ Маймун” дар “Давлати исломӣ” коршинос оид ба маводи таркандаи худсохт будааст. Муайян карда шудааст, ки ӯ ба аъзои созмони террористӣ ин корро меомӯхтааст. Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати созмон фаъолияти таблиғотӣ мебурдааст.
Тибқи маълумоти мақомоти пулис, боздоштшудагон мехостаанд, ки як ҳамлаи террористии монанд ба 1 январи соли 2017-ро дар Истанбул, ки аз ҷониби ҳамин созмон содир шуда буд, анҷом диҳанд. Он замон бар асари амали террористӣ 39 нафар ба ҳалокат расида буданд.
Ба иттилои мақомоти пулис, “Абӯ Маймун” ба ҳабс гирифта шуда, нисбати шаҳрванди Ӯзбекистон расмиёти истирдод кардан оғоз гардидааст.