Дар Душанбе табибе, ки мегуфт “бо Худо суҳбат кардааст”, боздошт шуд. Ба ӯ мутобиқи моддаи 462 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ”) айбнома пешниҳод шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ВКД.
Дар Вазорат зикр карданд, ки ҳоло тафтишот ҷараён дорад ва мувофиқи қарори додгоҳ, ӯ метавонад ҷарима ё ҳабс шавад.
Гуфта мешавад, боздоштшуда мудири Маркази тиббии "Шоҳёр" Бахтиёр Шоҳев мебошад.
Бахтиёр Шоҳев аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД боздошт шудааст.
“Агар саривақт дастгир намешуд, иттилоот ва идеологияи бардурӯғе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекард, паёмадҳои нигаронкунанда меовард. Азбаски дар зери нашрияҳои ӯ, ки мегӯяд, "Худоро дидам ва бо ӯ гуфтугӯ мекардам", аз ҷониби афроди гуногуни пайрави ақидаҳои тундгароӣ шарҳҳои манфии зиёде пайдо мешуданд.
Ин метавонад на танҳо боиси ихтилофи назар дар ҷомеа, балки ҳатто ба худи боздоштшуда зарар расонад, зеро эродҳои баъзеҳо нигаронкунанда буд”, – шарҳ доданд боздошти ӯро дар Вазорат.
Дар ВКД зикр карданд, ки ҳангоми бозпурсӣ маълум шудааст, ки Шоҳев комилан солим буда, ягон бемории рӯҳӣ надорад: ва маводи нашркардаи ӯ мардумро ба гумроҳӣ андохта, ҳадафаш фоидаи бештар ба даст овардан аст.
Дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” дар мавриди ин ки вақте сухан сари фоида ба даст овардан меравад, чаро ӯ ба қаллобӣ гумонбар намешаваду маҳз ҳамин модда нисбаташ истифода мешавад, сардори маркази матбуоти ВКД Нусратулло Маҳмадзода зикр кард, ки “аз амалҳои ӯ ҳеҷ кас зарар надидааст, яъне то имрӯз ягон шикояте нарасидааст, ки ӯ ба касе чизе ваъда дода бошаду онро иҷро накардаааст ё касеро фиреб додааст”.
Дар ҳамин ҳол, дар барномаи “Ахбори ВКД” дар You-Tube зикр мешавад, ки ин амал таҳқир ба арзишҳои мардуми мусулмон буда, чунин тафаккур хатарнок аст. Зикр шуд, ки Шоҳев маълумоти динӣ надорад.
Ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс”: “Аз рӯи кадом аломатҳо амали ӯ таҳқири мусалмонон арзёбӣ мешавад?”, Нусратулло Маҳмадзода шарҳ дод, ки “мо дар ҷомеае зиндагӣ дорем, ки дар он асосан аз ислом пайравӣ мекунанд ва маводи нашркардаи ӯ мухолифи шариати ислом аст”.
Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз корбарони шабака дар шарҳҳои худ ба кормандони милитсия муроҷиат намуда, нисбати Шоҳев чораҷӯйӣ дархост карданд, зеро ӯ бо фиреби худ одамонро ба гумроҳӣ меандохт.
Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоӣ нашр шуд, ки дар он Бахтиёр Шоҳев бо ду зан дар паҳлӯяш тасдиқ мекунад, ки “Худоро дидаву бо ӯ гуфтугӯ кардааст”.
“Дар ҷаҳон рӯҳҳои бади зиёде ҳастанд, ки тавассути портал ба ҷаҳони мо ворид мешаванд, то ки одамонро озор диҳанд. Худо маро дӯст медорад ва ба наздаш даъват кард, бо ӯ сӯҳбат кардам ва ӯ гуфт, ки маро дӯст медорад”, – мегӯяд дар видео Шоҳев.
Маълум аст, ки Шоҳев дар маркази тиббии худ ба муолиҷаи бемориҳои сутунмуҳра машғул буд.