Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон аз мансаб барканор шудани прокурори ВМКБ-ро тасдиқ карда, лекин сабабашро шарҳ надод.
“Ин масъалаи кориву кадрии мо буда, ифшои он барои ҷомеа зарур нест. Мо ҳамеша прокуроронро дар шаҳру навоҳӣ таъину аз кор озод мекунем ва ин ҷо ягон чизи наве нест”, – гуфт Юсуф Раҳмон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Қаблан Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ хабар дода буд, ки прокурори ВМКБ Парвиз Орифзода рӯзи 9 феврал барои таҳқири кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз вазифааш озод карда шудааст.
“Чанд вақти охир Парвиз Орифзода "зиёд менӯшид" ва дар ҳолати мастӣ кормандони милисаро таҳқир кардааст. Таҳқири кормандони милиса сабт шуда, ба дастгоҳи иҷроияи президент фиристода шудааст”, – хабар дода буд манбаи Радиои Озодӣ.
Ба иттилои ин манбаъ, аз рӯи ин далел алайҳи Парвиз Орифзода таҳқиқи ҷиноӣ роҳандозӣ шудааст.
Парвиз Орифзода соли 2018 прокурори ВМКБ таъин шуда, пеш аз таъинот ба ин мансаб ба ҳайси прокурори ноҳияи Ванҷи ин вилоят ифои вазифа мекард.