spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Зодаи Тоҷикистонро дар Олмон дар маблағгузорӣ ба ДОИШ гумонбар медонанд

Дар шимоли Олмон ба зодаи 29-солаи Тоҷикистон дар маблағгузорӣ ба фаъолияти созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) айбнома пешниҳод шудааст.

Прокуратураи генералии Гамбург зодаи Тоҷикистонро, ки маълумоти шахсии ӯ оварда нашудааст, дар миёнаравӣ ба расонидани кумаки молиявӣ ба аъзои ДОИШ, ки дар Сурия ва Ироқ боздошт шудаанд, айбдор мекунад.

“Ӯ ҳадаф дошт, ки аз занони бевамонда ва ятимони аъзои кушташудаи созмони “Давлати исломӣ” ва занони маҳбус дастгирӣ кунад”, – менависад нашрияи "Hamburger Abendblatt".

Гуфта мешавад, аввали соли 2020 ин мард ҳам бо маҳкумшудагон ва ҳам сарпарастон робита доштааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Олмон тоҷикистонӣ ба омодасозии амали террористӣ ва маблағгузории ДОИШ айбдор шуд

Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ, ин мард дар Мекленбурге-Передняя Померания иқомат дошта, ҳоло ба ҳабс гирифта нашудааст.

“Эҳтимолияти бегуноҳӣ то анҷоми пурраи парванааи ҷиноятӣ мавриди амал қарор мегирад. Дар сурати гунаҳкор эътироф шудан, мард ба муҳлати аз 1 то 10 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонад”, – иттилоъ медиҳад нашрия.

Ин бори аввал нест, ки зодаи Тоҷикистонро дар Олмон ба ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ” гунаҳкор мекунанд. Моҳи июни соли 2022 суди шаҳри Дюсселдорфи Олмон панҷ нафар зодаи Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии ДОИШ ва омода кардани амалҳои террористӣ дар ин кишвар ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард.

Дар ҳамин вақт Суди ҳарбии ҳавзаи ҷануб (ҳокимияти судиро аз рӯи қаламрав дар 15 субъекти Русия амалӣ мекунад) зодаи Тоҷикистон Файзалӣ Ҳалимхоновро барои он, ки ҳангоми дар шаҳри Волгоград қарор доштанаш ба корти бонкии аз ҷониби иштирокии ДОИШ додашуда 3 ҳазор рубл гузаронидааст, ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...