Иқболи Неъматулло, сардори Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо гумони тамаъҷӯӣ ва фасадкорӣ боздошт шудааст.
Дар гузориши Телевизиони “Тоҷикистон”, ки шаби гузашта, 6-уми март нашр шуд, гуфта мешавад, ки ин масъули маорифи ноҳия аз 31-уми октябри соли 2022 бо фармони вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба ин мақом таъин гардида, давоми 4 моҳи роҳбарӣ ба як қатор ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задааст.
Дар гузориш, худи ӯ иқрор мекунад, ки хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аст ва баъди хатми донишгоҳ дар яке аз мактабҳои ноҳия ба ҳайси омӯзгори фанни таърих кор кардааст.
Ӯ мегӯяд, то таъин шудан ба вазифаи сардори раёсати маориф ба ҳайси ронанда дар ҶДММ “Фаос” кор мекард.
Гуфта мешавад, ки ӯ дар рӯзҳои аввали фаъолияташ мунтазам ба фасодкорӣ даст зада, аз роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия бо роҳи тамаъҷӯӣ маблағҳои калони пулӣ меситонидааст.
Аз ҷумла, ӯ бо истифода аз мансаби ишғолнамудааш аз 36 директори мактаб дар маҷмӯъ, 65 ҳазору 700 сомонӣ пора гирифтааст.
“Дар мобайнҳои моҳи декабри соли 2022 ба хотири аз аттестатсия гузаронидани директорони мактабҳои №182 ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ, мактаби №123 2 ҳазор сомонӣ, мактаби №65 ба маблағи 4 ҳазор сосмонӣ, мактаби №66 5 ҳазор сомонӣ, мактаби №173 ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ гирифтем. Маротибаи дуввум бо миёнаравии раиси Иттиқофи касаби раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ аз директори мактаби №36 ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ, мактаби №51 ба маблағи 1,5 ҳазор сомонӣ, мактаби №180 ба маблағи 1 ҳазор сомонӣ, мактаби №174 ба маблағи 1 ҳазор сомонӣ, мактаби №120 ба маблағи 1,5 ҳазор сомонӣ гирифтам. Пеш аз аттестатсия аз 20-25 директор 35-40 ҳазор сомонӣ гирифтам”, – нақл мекунад Иқболи Неъматулло.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ чанд директори мактабҳои ноҳияро бо гирифтани пора ба вазифа таъин кардааст.
Аз ҷумла, аз муовини директори мактаби №117-и ноҳияи Сино 10 ҳазор сомонӣ ришва гирифта, ӯро директори мактаби №73-и ноҳияи Рӯдакӣ ва аз муовини директори маткаби №130-и ноҳияи Фирдавсӣ 10 ҳазор сомонӣ гирифта, ӯро директори мактаби №72-и ноҳияи Рӯдакӣ таъин намудааст.
Дар гузориши телевизионӣ худи боздоштшуда иқрор мешавад, ки аз муовинони директрони мактабҳо пора гирифта, онҳоро ҳамчун директори мактаб таъин кардааст.
Гуфта мешавад, ки нисбати Иқболи Неъматулло барои сӯистифода аз ваколатҳои давлатӣ (моддаи 314, қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба ҳабс гирифта шудааст.
Ин модда ҷазоро бо ҷарима ба андозаи аз 547 то 1092 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 68 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол пешбинӣ мекунад.
Назари наздикон ё вакили дифои Иқболи Неъматулло маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки раиси Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон Сулаймон Султонзода дар нишасти матбуотии соли 2022 сохторҳои фасодзадаи кишварро номбар кард, ки дар ин миён ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, замин ва бонкдорӣ дар раддаи аввал қарор доштанд.