Комиссияи махсус бар асоси қарори қабулшуда зиёда аз 1000 адад яроқи сардро, ки давоми соли 2023 асосан аз наврасон ва ҷавонон дар пойтахти ҷумҳурӣ мусодира гардида буд, нобуд кард.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, соли гузашта дар доираи амалиёти махсуси “Корд” дар пойтахт аз наврасону ҷавонон дар умум 1120 адад силоҳи сард аз ҷумла: 766 адад корд, 335-адад кастет, 14-адад дастчӯб (бита), 4-адад электрошокер ва 1-адад табар дарёфту мусодира гардидааст.
“Нисбати ҳамаи дастгиршудагон тибқи талаботи қонунгузорӣ дар асоси Қарорҳои дахлдори Суд чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуд”, – омадааст дар хабари Раёсат.
Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе давоми чанд соли бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард ва бо худ гардонидани предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда, дар ҳудуди пойтахт амалиёти шартии «Корд» роҳандозӣ карда шудааст.
Гуфта мешавад, маҳз дар натиҷаи ин чораандешиҳо сол то сол сатҳи содиршавии ҳама гуна ҷиноят аз ҷониби ноболиғону ҷавонон, махсусан ҷиноятҳое, ки бо истифода аз силоҳи сард содир мегарданд, майли коҳишёбӣ дорад.
“Дар соли 2022 ҷинояткории ноболиғон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба андозаи 14,4%, махсусан содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ аз ҷониби ноболиғон ба андозаи 46,1% коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон дар соли сипаригардида амалҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ҷавонон низ 17,7% камтар содир шудааст”, – хабар медиҳад РВКД.
Зимнан зикр мегардад, ки амалиёти шартии «Корд» идома дошта, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рейду амалиётхои санҷишӣ дар байни наврасон минбаъд низ гузаронида мешавад.