spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Зӯр”-и синф буд”. Ҷузъиёти кордкашии хонандагон дар Кӯлоб, ки боиси куштори як нафар гардид

Нисбати хонандаи мактаби №5-и дар шаҳри Кӯлоб, ки ба куштори ҳамсинфи худ бо зарби корд гумонбар аст, барои авбошӣ (моддаи 237 қисми 3 банди а) ва куштори одам аз ҳиссиёти авбошӣ (моддаи 104 қисми 2 банди а,к) парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.

Дар ин бора Қутбиддин Достизода, додситони шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо “Азия-Плюс” хабар дод.

Номбурда гуфт, гумонбар 17-сола буда, сокини маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб мебошад.

Ному насаби хонандагон барои “Азия-Плюс” маълум аст ва бо далели ҳуқуқӣ онро нашр намекунад.

Як манбаи дигари “Азия-Плюс” аз додситонии шаҳри Кӯлоб гуфт, ки гумонбар барои қасосгирӣ ба тани ҳамсинфаш дар соати дарсӣ корд задааст.

“Аз рӯи баёноти гумонбар маълум шуд, ки марҳум ба истилоҳ “зӯр”-и синфашон будааст ва чанд маротиба гумонбарро задаву мазоқ карда будааст. Ҳатто пеш аз кордзанӣ ҳам дар саҳни мактаб ӯро бо мушт зада, таги чашмашро сиёҳ кардааст. Баъди ин гумонбар бо ҳисси қасдгирӣ, дар даст корд гирифта, дар паҳлӯи марҳум мешинад ва 5 дақиқа пеш аз занг ба шиками ӯ корд мезанад”, – шарҳ дод ӯ рафти ҳодисаро.

Гуфта мешавад, ки омӯзгорон, аз ҷумла директори мактабе, ки ҳодиса рух дод ва роҳбари синфи хонандагон бозпурсӣ шудаанд ва эҳтимоли зиёд нисбати роҳбари синф чораи маъмурӣ андешида шавад.

Ҳоло гумонбар дар боздошт аст ва тафтишот нисбати ин ҳодиса идома дорад.

Моддаҳои қайдгардида, аз ҷумла, 104, ки одамкушӣ аст, аз 15 то 20 соли зиндон ва 237, ки авбошӣ аст, то 2 соли зиндон пешбинӣ кардааст.

Тибқи иттилои расмӣ ҷиноятҳое, ки аз ҷониби ноболиғон дар соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб содир шудаанд, дар маҷмӯъ 27 ададро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2021 (10 адад)- 17 адад зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 31-уми марти соли равон дар мактаби №5-и шаҳри Кӯлоб миёни ду хонандаи синфи 10 занозанӣ ва кордкашӣ сар зад, ки дар натиҷа, яке аз хонандаҳо бо захмӣ корд ба беморхона интиқол ва бо гузашти як рӯз даргузашт. Худи ҳамин рӯз гумонбар дастгир гардида буд.

Қаблан низ занозанӣ ва кордкашӣ миёни хонандагон рух дода буд, ки дар он гоҳе ҷавонон аз корду силоҳҳои дигар истифода мекарданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи январ як ноболиғро барои занозанӣ ва қатли ҳамсолаш ба 11 сол зиндон маҳкум кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...