Дафтари Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ)-ро дар ноҳияи Панҷ дуздон ғорат карда, телевизор, ноутбук, 2 компютеру мониторро бо худ бурдаанд.
Дар ин бора сомонаи “Farazh.tj” бо такя ба Каримҷон Файзизода, роҳбари ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ хабар медиҳад.
Ӯ гуфтааст, ки ҳодиса шаби 15-уми марти соли равон рух додааст, вале бо гузашти қариб як моҳ ҷинояткорон дастгир нашудаанд.
Каримҷон Файзизода гуфтааст, таҷҳизоти кории дуздидашуда ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ арзиш доштанд.
“Ман фавран тариқи мактуб ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, баъдан шахсан ба Кумитаи иҷроияи ҳизби вилоят телефонӣ хабар додам. Ташхисгарони соҳа изи дасти дуздонро гирифтаанд, аммо бо гузашти қариб як моҳ ҷиноят ошкор карда нашудааст. Ба идораи нави ҳизб моҳи сентябри соли гузашта кӯчидем ва бино дурбинҳои назоратӣ надошт”,-гуфтааст раиси ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.
Масъулини мақомоти қудратии ноҳия ва вилоят ҳодисаи мазкурро шарҳ надодаанд.
Аз ҷумла, Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД дар вилояти Хатлон аз ҳолати дуздӣ изҳори бехабарӣ карда, гуфтааст, “дар ин бора ба ӯ маълумот нарасидааст” ва Баҳром Шокирзода, сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳия низ ҳодисаро шарҳ надодааст.
Ин сомона менависад, ки ин ҳодисаи аввал дар ҳудуди вилоят нест. Қаблан, дуздон ашёҳо ва таҷҳизот аз идораҳои ҲХДТ дар навоҳии Ҷайҳун, Шаҳритус ва Кушониёни вилояти Хатлонро ба яғмо бурда буданд.
“Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус Ҳомидҳон Шаропов дуздии аз бинои ҳизбро дар ноҳия, дар тобистони соли гузашта, тасдиқ карда гуфт, милиса аз рӯи сабти дурбинҳои назоратии бино дуздро муайян ва дастгир карда, таҷҳизоти дуздидашуда ба онҳо баргардонида шудаанд”, – навиштааст манбаъ.
Ҳодисаи дуздии дафтари ҲХДТ, ки ба гуфтаи масъулинаш, беш аз ним миллион аъзо дорад, ҳодисаи нодир аст. ҲХДТ ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон аст, ки соли 1994 ташкил ёфта, аз соли 1998 ин тараф Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон роҳбари он мебошад.