Рӯҳоние, ки дар тӯйи бародарзодааш дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон монеи рақсу сурудхонӣ шуда буд, ба “даъват ба ифротгароӣ” муттаҳам шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад.
“Парвандаи Абдулҳаннон Маннонови 51-соларо барои муҳокима ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристоданд”, – навиштааст ин расона.
Ду манба аз мақомоти тафтишотӣ, рӯзи 6-уми апрел, ба ин радио гуфтааст, ки “парвандаи рӯҳонӣ се моҳ боз тафтиш мешавад. Худаш дар Боздоштгоҳи муваққатӣ аст”.
Тафсилоти бештар дар хусуси иттиҳом ва раванди тафтишот ва назари наздикони рӯҳонӣ оид ба иттиҳом маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январи имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе аз ҷараёни тӯй нашр шуд ва дар он дида мешуд, ки як марде бо қиёфаи рӯҳонӣ монеи рақсу сурудхонӣ гардида, меҳмононро меронад.
Навори дашном ба меҳмонон ва рондани мардум аз хона барои рақсу бозӣ хашми корбаронро барангехт. Бисёриҳо рафтори ӯро танқид карда, хостори таҳқиқи он аз ҷониби мақомоти зиддахл шуданд.
Вазорати корҳои дохилӣ наворро шарҳ дода, рӯзи 27-уми январ гуфт, рӯҳонӣ Абдулҳаннон Маннонов ҷашни арӯсии ҷиянашро дар ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён баҳам задааст.
Худи Маннонов дар навори мақомоти корҳои дохила гуфт, ки аз асабоният чунин рафтор кард ва умед дорад, мардум ӯро мебахшанд.
Бояд гуфт, ки “даъват ба ифротгароӣ” бо моддат 307 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст мешавад ва ин модда, маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазоро пешбинӣ менамояд.