Се мансабдори вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) барои гирифтани пора ва азхудкунии маблағҳои буҷети давлатӣ айбдор мешаванд. Дар ин бора мақомоти интизомии Тоҷикистон хабар медиҳанд.
Аз ҷумла, дар нашри навбатии “Ахбори ВКД” иттилоъ дода мешавад, ки Муҳриддин Тағоев, раиси ҷамоати деҳоти ба номи Холматови ноҳияи Шаҳритус ва Эркинҷон Тӯйчиев, мутахассиси бахши меъмории ноҳия ба гирифтани 30 ҳазор сомонӣ барои ҷудо кардани замин айбдор мешаванд.
“Айбдоршавандагон барои ҷудо намудани 10 сотих замин аз сокини ноҳияи Қубодиён Хоҷамқулов Сироҷиддин Эргашович ба сифати пора 30 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтаанд”, – зикр мешавад дар хабар.
Раиси ҷамоат 29 сол ва мутахассиси бахши меъмории ноҳияи Шаҳритӯс 35 сол доштаанд.
Гуфта мешавад, ки онҳо дар ҷараёни як амалиёти вижаи фаврии кормандони шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вилояти Хатлон дар бинои ҷамоати деҳоти ба номи Холматови ноҳияи Шаҳритус, дар ҷои кори раиси ҷамоат, дастгир шудаанд.
Муҳриддин Тағоев, раиси ҷамоат дар ин навор эътироф мекунад, ки амали коррупсиониро бар асоси маслиҳати пешакӣ бо Эркинҷон Тӯйчиев анҷом додаанд.
“Пешакӣ маслиҳат карда будем. Пеш аз Наврӯз 5 ҳазорашро оварда дода буданд ва ин дафъа маблағи боқимондаро оварданд, вале мақомот омада, моро дастгир карданд”, – мегӯяд Тағоев.
Додситонии вилояти Хатлон нисбати айбдоршавандагон барои гирифтани пора ба миқдори калон (моддаи 319, қисми 4) парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Ин банди қонун, аз 7 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти Зеваршоҳ Карамшоев, раиси собиқи ҷамоати деҳоти Қозидеҳ дар ноҳияи Ишкошим хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Карамшоев ба тасарруфи ҳудуди 8 ҳазор сомонӣ аз маблағҳои буҷаи ҷамоати Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим гунаҳкор дониста мешавад.
Додгоҳи ноҳияи Ишкошим Зеваршоҳ Карамшоевро барои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ва сохтакории хизматӣ (моддаи 245, қисми 2 бандҳои “а” ва “г” ва моддаи 323) 10 ҳазору 200 сомонӣ (150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, як нишондиҳанда 68 сомонӣ) ҷарима бастааст.
Бояд гуфт, ки ҳолати фасодкорӣ дар чандсолаи охир дар Тоҷикистон бештар ошкор мешавад ва сомонаи Оҷонси зиддифасод тақрибан ҳар моҳе дар ин маврид хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки маъмурони Оҷонси зиддифасодро дар Тоҷикистон ҳамвора барои дастгир накардани мансабдорони баландпоя танқид мекунанд. Ин ниҳод бештар дар бораи боздошти омӯзгорону пизишкон ва кормандони зинаҳои поини вазорату кумитаҳои давлатӣ гузориш медиҳад.