Душанбе. 8 апрел. «Азия-Плюс» – | Муовини котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк, ҳафтаи оянда вориди Тоҷикистон хоҳад шуд.
Дипломати амрикоӣ рӯзҳои 11 ва 12 апрел аз Душанбе дидан намуда зимни сафараш нақша аст бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугу баргузор намояд.
Тавре ба «АП» манбаъи мӯътамад дар ҳукумати кишвар иттило дод, дар ҷараёни вохурии Роберт Блейк бо Эмомалӣ Раҳмон як қатор масоили ҳамкориҳо миёни Амрико ва Тоҷикистон дар самти иқтисод, сиёсат ва амният баррасӣ хоханд шуд.
Интизор меравад зимни мулоқот ҳамчунин масъалаи таҳкими вазъ дар Афгонистон муҳокима шавад.
Ҳадафи аслии сафари дурӯзаи Роберт Блейк ба Тоҷикистон ширкат варзидан дар машваратҳои ҳамасолаи дуҷониба миёни ҳар ду кишвар арзёбӣ мегардад.
Тибқи маълумоти намояндагии дипломатии Амрико дар Душанбе, рузи сешанбе 12 апрел мувоини котиби давлатии Амрико ният дорад бо намояндагони ВАО вохурӣ анчом дихад.