Душанбе. 8 апрел. «Азия-Плюс» – | Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар нишасти навбатии байниминтақавии вазирони умури хориҷаи «Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ» , ки дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор мегардад, ширкат варзид.
Тавре ба «АП» дар департаменти иттилоотии вазорат хабар доданд дар нишаст ҳамчунин вазирони умури хориҷаи Ҷумҳурии Маҷористон, ба ҳайси намояндаи ИА, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва муовини вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзиданд.
Ба иттилои манбаъ, Ҳамрохон Зарифӣ зимни нишаст дар хусуси амалисозии Стратегияи ИА дар Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳо дар бахши иқтисод ва тиҷорат, масъалаҳои минтақавӣ ва амният сухан карда мавқеи Тоҷикистон ва роҳҳои ҳали мушкилоти дар минтақа ҷойдошта ва нақши Иттиҳоди Аврупоро дар ин самт баён кард.
«Вазири умури хориҷаи Тоҷикиистон зимни баромади худ дар мавзӯи энергетика ва муҳити зист афзилияти кишварро барои рушди бахши гидроэнергетика рушан кард. Пас аз анҷоми ҷаласаи корӣ сарони ҳайати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо масоили ҳамкориҳои байналмиллалӣ аз ҷумла Афғонистон ва Покистонро сари хӯроки нисфирӯзӣ баррасӣ карданд», – хабар медиҳад манбаъ.
Дар қисмати дуввуми рӯз дар Тошканд вохурии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷа Ҳамрохон Зарифӣ ва намояндагони Иттиҳоди Аврупо бо роҳбарии вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Маҷористон Янош Мартонӣ баргузор гашт.
« Ба гуфтаи раҳбари ҳайати Иттиҳоди Аврупо муносибати ИА ва Тоҷикистон дар сатҳи хуб қарор дорад ва Иттиҳод барномаҳои худро дар кишвар бо мувафаққият амалӣ месозад. Ӯ инчунин барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ дар амалисозии барномаҳо ва лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон миннатдорӣ баён кард. Ҳамрохон Зарифӣ дар навбати худ ба Иттиҳоди Аврупо барои расондани кумак ба Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф аз ҷумла ислоҳоти системаи молӣ, таббадулот дар бахши хоҷагии қишлоқ, пурзӯрнамоии марз ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.