spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Раиси ҲНИТ аз рустои «1 май» дидан намуд

Душанбе. 25 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар рафти вохӯрии вакили палатаи поёнии парлумони кишвар, раиси Ҳизби Нахзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо сокинони рустои «1 май»- и ҷамоати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, роҳи ҳалли мушкили тахриби манзилҳои зисти мардуми маҳаллӣ баррасӣ шуд.

Тавре Муҳиддин Кабирӣ ба «АП» хабар дод, мувофиқи ҳуҷҷатҳое, ки сокинони рустои «1май» дар даст доранд, замин  дар асоси қарори марбутаи ҳукумати маҳаллӣ тақсим карда шудаст.

«Ман,  ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷамъбасти вохӯрии имруза, ки бо иштироки намояндагони  мақомоти маҳалии ҳукумати давлатӣ баргузор гашт, тасмим дорам бо дархост ба унвони раҳбарияти палатаи поёнии парлумони кишвар барои таъсис додани  комисияи махсус оид ба омӯзиши масъалаи қонунии тахриби манзилҳои сокинони рустои «1май» муроҷиат намоям. Ман исрор мекунам, то ба ҳайати комисия намояндагони ҳукумат, прокуратура, вакилон, намояндагони ВАО ва инчунин худи сокинони русто шомил бошанд», – изҳор дошт раиси ҲНИТ.

Кабирӣ мӯътақид аст, ки чунин амали намояндагони ҳукумат дар қаламрави рустои «1 май» боиси аз байн рафтани эътиқоди мардум ба ҳукумати кишвар мегардад.

«Ба андешаи ман,агар дар тақсимоти замин дар  рустои номбаршуда хатоие бошад, он аз ҷониби намояндагони ҳукумати маҳалӣ роҳ дода шудаст ва имруз ҳукумат бояд ба он иқрор шавад. Нафаронеро, ки боиси сар задани чунин мушкили шуданд ҷазо дода зарари расонда ба сокинони рустои «1май» ҷуброн карда шавад»,- афзуд Муҳиддин Кабирӣ.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...