Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон озими ноҳияи Данғара шуд.
Ҳадафи аслии сафари сарвари давлат – шиносиии наздик бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷараёни баргузории ислоҳот дар бахши кишоварзии ноҳияи мазкур аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни сафар мулоқоти сарвари давлат бо фаъолони ноҳия ва аҳолии маҳаллӣ дар назар аст.