Қабл аз ҳама, шом ба хайр ва ташаккури зиёд барои ташриф овардан ба ин ҷо. Боиси шарафмандист, ки ман имрӯз бо Президент боздиди расмӣ намудам. Фикр мекунам, ки мо дар бораи Афғонистон ва минтақа мулоқоти аъло доштем. Сараввал, ман мехостам ба ин ҷо сафар намоям ва ба Президент барои ҳамаи кӯмакҳои ӯ ва мардуми Тоҷикистон ба кӯшишҳои байналмиллалӣ дар Афғонистон сипосгузорӣ намоям. Дуввум, ман мехостам ба президент оиди фаъолияте, ки ман барои таҳия ва андешидани тадбирҳои ояндаи аз нутқи Котиби Клинтон аз таърихи 18 феврал маншаъ гирифта дар бораи мусоидат ба раванди оштӣ баҳри истиқрори сулҳ дар Афғонистон гузориш диҳам. Ва саввум, ман мехостам аз машварати президент оиди тадбирҳои минбаъдаи мо дар робита бо кӯшишҳои бастани оштии миллӣ бо иқдоми худи афғонон бархурдор шавам. Ҷаноби президент саховатмандона вақти худро дареғ надошт ва ман аз меҳмоннавозии ӯ сипосгузорам. Акнун мунтазири саволҳои шумо астам.
Савол:
Ба назари Шумо, оё маҳвкунии бин Лодан ба вусъатгирии амалиёти террористӣ ҳам дар Афғонистон ва ҳам минтақа сабаб шуда метавонад?
Гроссман:
Ташаккур барои саволатон. Не, ман ин тавр фикр намекунам. Ман мутмаинам, ки марги Усома бин Лодан паёмест ба террористони ҷаҳон, ки онҳо маҳв шудаанд. Ва гарчанде, ки баҳри маҳви терроризм кори зиёдеро анҷом додан зарур аст, ин фурсатест бо нобудсозии Усома бин Лодан ба фаъолияти Алқоида хотима диҳем. Ва чун Президент якчанд дақиқа пеш иброз дошт, ин вақтест кӯшишҳои зиддитеррористиро вусъат диҳем. Бинобар он, не, ба фикри ман он ба хуруҷи терроризм боис намешавад, ман фикр мекунам, ки ин боиси коҳиши терроризм мешавал, ва воқеъияти он, ки бин Лодан фавтидааст, ба манфиати ҷаҳон аст ва моро ба нобудсозии Алқоида наздиктар мебарад.
Савол:
Дар бораи нақши Тоҷикистон дар пиёда сохтани кӯшишҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон ҷӣ фикр доред?
Гроссман:
Пеш аз ҳама, ман имконият доштам ба Президент барои нақши кунунии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии кӯшиши байналмиллалӣ дар Афғонистон арзи сипос кунам. Он на танҳо ба Иёлоти Муттаҳида дахл дорад. Кишварҳои зиёд ояндаи обод, комёбу осоиштаи Афғонистонро дастгирӣ мекунанд. Ва мо аз мардум ва ҳукумати Тоҷикистон барои кӯшишҳояшон баҳри дастгирии ободию сулҳи Афғонистон миннатдорем. Кӯмаке, ки Тоҷикистон ба нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида бо иҷозадиҳии интиқоли борҳо аз қаламрави Тоҷикистон медиҳад, низ бениҳоят муҳим аст. Ва мо мунтазири ҳамкориҳои ояндаи моем. Фикр мекунам, ба як саволи дигар низ посух дода метавонем.
Савол:
Шумо медонед, ки сол аз сол таҳдиди қочоқи маводи мухаддир меафзояд ва ҳарҷанде, ки Иёлоти Муттаҳида ва коалитсия барои коҳиши ин таҳдид кӯшишҳои бузург ба харҷ медиҳанд, натиҷаҳои назаррас ба даст наомадаанд, бо вуҷуди он, ки худи Иёлоти Муттаҳида эътироф намудааст, ки қочоқи маводи мухаддир яке аз манбаъҳои маблағгузории терроризм мебошад. Оё Шумо дар фикри он нестед, ки Иёлоти Муттаҳида ва коалитсия бояд ба ошкоркунӣ ва нобудсозии ҳамаи киштзорҳои кӯкнор фармон диҳад?
Гроссман:
Ташаккур барои савол. Ҳак аз ҷониби шумост, ки масъалаи қочоқи маводи мухаддир на танҳо дар Афғонистон, балки дар тамоми ҷаҳон масъалаи бениҳоят мубрам аст. Шумо инчунин ҳак астед, ки он террористонро маблағгузорӣ менамояд. Он инчунин ҷиноёти муташаккилро маблағгузорӣ мекунад. Ва он инчунин фасодро маблағгузорӣ менамояд. Ва ин сабабест, ки мамлакатҳои монанди Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида бояд ҳамкории зич намоянд, то ба қочоқи маводҳои мухаддир хотима гузошта шавад. Ва мо аз коре, ки Раёсати ИМА оид ба назорати риояи қонунҳо дар бораи маводи мухаддир дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати маводи мухаддир дар ин ҷо, дар Тоҷикистон анҷом медиҳад, ифтихор дорем. Ва дар якҷоягӣ онҳо дар самти таҳкими тавонмандиҳои Афғонистон ҷиҳати назорати ин мушкилот кор мекунанд. Ин барои кӯшиши байналмиллаӣ дар Афғонистон масъалаи афзалиятнок мебошад. Ва ман боварӣ дорам, ки мо пеш аз ҳама метавонем бигӯем, ки имрӯз масоҳати киштзорҳои кӯкнор нисбат ба солҳои гузашта коҳиш ёфтааст. Ва акнун дар доираи барномаи нобудсозии киштзорҳои кӯкнор, ки аз ҷониби ҳокимони вилоятҳои Афғонистон амалӣ мешавад, яъне Барномаи ҳокимон оид ба нобудсозии киштзорҳои кӯкнор, нисбат ба давраи гузашта бештар саҳроҳои кӯкнор нобуд карда мешаванд. Маводи мухаддир мушкилоти азиме аст. Вале чун шумо мегӯед ҳоло кори зиёдеро анҷом додан лозим аст. Ташаккури зиёд ба ҳамаи шумоён, ташаккур барои вақти шумо.