spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Боздиди сарвари давлат аз ноҳияи Данғара идома дорад

Душанбе, 25-уми май. «Азия-Плюс» – Сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара идома дорад. Ёдрас мекунем, ки  ҳадафи аслии сафари сарвари давлат – шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва мулоқоту сўҳбатҳо бо масъулини соҳа ва аҳли заҳмати деҳоти ноҳияи мазкур аст.

 Зимни  сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо фаъолони вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маҷлиси машваратӣ анҷом хоҳад дод. Ҳадафи асосӣ аз машварат баррасии рафти омодагӣ ба ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо ва васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ ва ба ин васила таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ва коҳиш додани таъсири манфии берунӣ ба амнияти озуқавории кишвар аст. Ҷамъоварии пурраю беталафи ҳосили фаровони меваю сабзавот ва ҳамчунин хуб ба роҳ мондани коркарди саноатии маҳсули заҳмати аҳли деҳот роҳи муътамади таъмини фаровонию арзонӣ дар бозор арзёбӣ мегардад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба иҷрои босамари ин ҳадафҳо дар назди масъулини сатҳи маҳаллию ҷумҳуриявии соҳаҳои кишоварзӣ, саноати сабуку хўрокворӣ ва дигар бахшҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас хоҳад гузошт.

Дирӯз боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи Сайёди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара оғоз ёфт. Дар ин ҷо Сарвари давлат бо фаъолияти хоҷагии ёрирасони назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шинос шуд.

 Тибқи супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо бояд дар майдони беш аз 2 ҳазор гектар боғу токзори намунавӣ бунёд ёбад ва ин мавзеъ ба маҳалли дилкаши туристию сайёҳӣ ва истироҳату фароғат табдил ёбад. То имрўз аллакай дар майдони 200 гектар боғу токзори намунавӣ бо риояи пешқадамтарин қоидаҳои агротехникӣ бунёд ёфтааст.

 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сўҳбат бо деҳқонону боғпарварон ва мардуми деҳоти атроф онҳоро ба ободонии ин ва дигар мавзеъҳои атроф ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки онҳо «оянда дар ин ҷо метавонанд муаррифону тарғибгарони фарҳанги волои заминдорӣ, зебоипарастӣ ва меҳмоннавозии тоҷикон бошанд, зеро ин мавзеъ дар ду паҳлуи Шоҳроҳи бузурги абрешим қарор дорад». 

 Дар ҷамоати деҳоти Себистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо ҷараёни барқарорсозии боғҳои кўҳнаи хоҷагии деҳқонии Раҳима аз наздик шинос шуд. Тавре зикр гардид, хоҷагӣ майдони 18 гектар замини токзори кўҳнаи аз нав барқароршударо дар ихтиёр дорад. Чунонки аён шуд, токзори аз кундаи ниҳолҳои сисола барқароршуда нашъунамои хуб дорад.

 Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара ташриф оварда, аз заминҳои кишти ғалла, пахта, сабзавоту полезӣ ва боғҳои хоҷагиҳои деҳқонии он дидан карда, деҳқонону боғпарваронро ба истифодаи босамари заминҳои обӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва саҳмгузорӣ ба таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ҳидоят намуд.

 Аз ҷамоати Оқсу Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара ташриф оварда, заминҳои ғаллазор, пахта, сабзавоту полезӣ ва боғутокзори хоҷагиҳои деҳқониро аз назар гузаронд ва бо деҳқонону мутахассисони пешқадами кишоварзӣ сўҳбатҳои судманд анҷом дод.

 Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мутахассисони соҳа фаъолияти хоҷагии деҳқонии Имоми Аъзам ва истифодаи босамари заминҳои обӣ аз ҷониби аҳли заҳмати он басо писанд омад. Ба иттилои раиси хоҷагӣ Рустам Азимов, дар миёни қаторҳои ниҳолҳои боғи навбунёд парвариши сабзавоту полезӣ хуб ба роҳ монда шудааст ва дар як мавсим то 3 ҳосил ба даст оварда мешавад. Онҳо дар моҳҳои сентябр, ноябр ва март – 3 маротиба кишти сабзиро ба роҳ монда, дар тамоми фаслҳои сол ба бозор маҳсулоти тару тоза пешниҳод менамоянд. Дар ин хоҷагӣ, ки 50 га замин дар ихтиёр дорад, 60 нафар деҳқонону боғпарварон бо кори доимӣ ва маошу шароити хуби заҳмат таъмин гардидаанд.

 Тавре аён гардид, яке аз беҳтарин хоҷагиҳои ҷамоати деҳоти Лолазор хоҷагии Сомонҷон мебошад, ки дорои беш аз 1,5 ҳазор гектар заминҳои боғу токзор, ғаллазор ва сабзавоту полезӣ аст. Зимни боздид аз як қитъаи замини пиёзи барвақтӣ, зикр гардид, ки аҳли заҳмати он аз ҳар гектари ин қитъаи 6,5 гектара то 500 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданианд.

 Дар заминҳои хоҷагии Сомонҷон кишти тамоми зироатҳо ва парвариши боғу токзор ба таври намунавӣ ба роҳ монда шудааст, ки аз маҳорату таҷрибаи хуби заминдории аҳли заҳмати он гувоҳӣ  медиҳад.

 Аҳли заҳмати хоҷагӣ тасмим доранд, ки аз заминҳои ғаллаи обӣ то 40 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда, дар майдони беш аз 200 гектар кишти такрории сабзавоту полезиҳоро ба роҳ монанд ва дар таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар саҳми намоён гузоранд.

 Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боғҳои ҷамоати деҳоти Корез, ки аксари онҳо ба таври намунавӣ бунёд ёфтаанд, дидан карда, ба боғпарварон барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани нигоҳубини ниҳолҳо ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ маслиҳатҳои муфид дод.

Дар мавзеи Маликобаи ҷамоати Корез Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва масъулини соҳаи кишоварзии кишвар шоҳиди кори намунавии боғпарварони маҳаллӣ шуданд. Дар ин ҷо парвариши себу нок, биҳӣ, токзор, гелос, бодом ва дигар меваҳои хушлаззат бо риояи беҳтарин усулу технологияҳои боғдорӣ ба роҳ монда шудааст. Яке аз сабабҳои асосии муваффақияти боғпарварони ин мавзеъ табиати биҳиштосо ва иқлими форами кўҳӣ ва наздикўҳии ин мавзеъ ба шумор меравад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...