Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Таҳлилгарони Тоҷикистон мӯътақиданд, ки гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо (ICG) (www.crisisgroup.org) бобати ба Тоҷикистон таҳдид кардани даргириҳои мусаллаҳона хулосаҳои беасос пешниҳод менамояд.
Раиси Асссотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки пас аз нобуд кардани қумондони ахири саҳроии замони ҷанги шаҳрвандӣ – Мулло Абдулло омили дохилии таҳдид ба амнияти ҷумҳурӣ аз байн рафтааст. «Агар қумондони нав пайдо шавад, ӯ на намояндаи ҷомеаи Тоҷикистон, балки шахсе хоҳад буд, ки аз хориҷи кишвар – аз Афғонистон ё аз Покистон фиристода хоҳад шуд ва дар ҳам гуна ҳолат ӯ он обрӯву нуфузи маънавиеро, ки собиқ қумондонони саҳроӣ доштанд, касб нахоҳад кард», – иброз дошт ӯ.
Сиёсатшинос таҳдид ба амният аз хориҷи кишварро низ воқеъӣ надониста, чунин ибрози андеша мекунад, ки баҳри пеширии он мебояд фаъолияти мақомоти қудратиро дурусту муассир ба роҳ монд, то ки саривақт гурӯҳҳои машғули ин амал ошкор ва аз беху бун решакан карда шаванд.
Собиқ котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ва феълан раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амирқул Азимов мӯътақид аст, ки пешгӯиҳои ICG «ҳеҷ заминаи воқеъӣ надоранд ва агар ягон гурӯҳе дар дил орзуи тағйир додани вазъ дар Тоҷикистонро дошта бошад, пас хеле ноумед хоҳад шуд, зеро барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон сулҳу субот хеле азизу гиромӣ аст». «Ба дахолати ҳар нерӯи берунӣ мо посухи қатъӣ хоҳем дод – онҳо ҳатман нобуд карда мешаванд», – афзуд ӯ.
Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ ба он далеле ишора мекунад, ки тайи чандин сол дар гузоришҳои мухталифи созмонҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон ноамниву даргириҳои иҷтимоӣ пешгӯӣ мешавад. «Дарвоқеъ, вазъ дар кишвари мо он қадр хуб нест, вале ба ҳар ҳол, то ҳанӯз ин пешгӯиҳо тасдиқ нашудаанд ва як омили мушаххас на ҳамеша дар кишварҳои гуногун ба як натиҷа ё оқибати ҳамсон оварда мерасонад», – иброз дошт вай.
Дар банди алоҳидаи гузориши ICG ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ишора рафта, гуфта мешавад, «гӯё муносибати он нисбат ба ҳукумат ҳарчи бештар тундтар мешавад».
Мамадазимов ба ин хулоса мувофиқ нест. «Оре, пас аз маъракаи интихоботии ахир дар муносибати ҲНИТ бо ҳукумат як сардие ба вуҷуд омад, вале ин маънои онро надорад, ки дар сафи ҳизб шумори тундгароён меафзояд ва яқин ин ҷо сухан сари мубоҳисаҳои шадид меравад, на рӯҳияи тундгароёна ва ман мӯътақидам, ки мақомоти раҳбарии ҳизб вазъро таҳти назорат қарор дорад», – гуфт ӯ.
Дар робита ба ин масъала раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ чунин ибрози назар намуд, ки ӯ ҳанӯз бевосита бо гузориш шинос нашудааст. «Гап сари он аст, ки дар ВАО ин гузориш бо тарзҳои гуногун инъикос мегардад: яз яке мо роҷеъ ба ташдиди муносибат ё фишор ба ҲНИТ аз ҷониби ҳукуматдорон огоҳ мегардем, аз нашри маводи дигаре, бахусус ВАО-и русзабон, маълумамон мешавад, ки ҳизб нисбат ба ҳукумат муносибати тндгароёна доштааст», – таъкид дошт раиси ҲНИТ.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо (ICG) ҳукуматдорони Тоҷикистонро аз сар задании даргириҳои мусаллаҳона ҳушдор дода буд.
Дар гузориши дар сомонаи расмии ICG (www.crisisgroup.org) интишоргардида гуфта шуда буд, таҳдид ба амнияти Тоҷикистон – қашшоқтарин ҷумҳурии минтақаи Осиёи Марказиро қабл аз ҳама Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, ки ташкили халифати исломӣ ҳадафи аслиаш аст, метавонад рӯйи кор оварад.
Ҳамчунин дар гузориш зикр гардида буд, ки дар минтақаи шимоли Афғонистон гурӯҳҳои муташаккили мусаллаҳи мухолифи ҳукумат амал мекунанд, ки феълан ҳарчи бештар таваҷҷӯҳи худро ба шимол равона сохтаанд ва ба марзи 1400 километраи Тоҷикистону Афғонистон торафт наздиктар меоянд.
Таҳлилгарони ICG мӯътақидона изҳор кардаанд, ки Тоҷикистон амалан воҳидҳои махсуси низомиеро доро нест, ки ба ин гурӯҳҳои мусаллаҳ истодагарӣ карда тавонанд ва барои исботи назари худ, ҳаводиси соли гузаштаи Раштро мисол овардаанд, ки мутобиқи маълумоти ICG, ошкор шудааст, ки дар кишвар ҳамагӣ каме беш аз 30 низомие мавҷуд будааст, ки қобилияти хуби муқобилият ба ин гурӯҳҳоро доштааст.
Дар гузориш таъкид шуда буд, ки дар ҷумҳурӣ насли нави мухолифини мусаллаҳ ба воя расидаанд, ки нияти ҳисобаробаркунӣ бо ҳукуматдорон барои ҷанги бохта дар солҳои 1992-1997-ро доранд. Ҳамчунин зикр гардида буд, ки ҷомеаи Тоҷикистон феълан ҳарчи бештар ба ислом гаравида, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) муносибаташро бо ҳукумат тундтар менамояд.