Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Як силсила гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Як силсила гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона

16
16

Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Зимини мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

 «Сатҳи баланди боварии мутақобила ва наздикии мавқеъҳо доир ба масоили умдаи сиёсӣ хислати хоси  робитаҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон мебошад», – изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

 Ҳамчунин таъкид гардид, ки Қазоқистон яке аз шарикони фаъоли иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон буда, аз рўи нишондодҳои табодули молу маҳсулот дар миёни кишварҳои ИДМ баъд аз Русия дар ҷои дуюм қарор дорад.

 Нурсултон Назарбоев ба Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ташаббусҳои судманди Қазоқистон ва нақши намоёнаш дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ арзи сипос намуд.

 Фонди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон, ки тирамоҳи соли 2010  ба фаъолият шуруъ карда буд, воситаи хуби густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ арзёбӣ гардид.

 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва Шўрои вазирони корҳои хориҷии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки вақти барпо намудани ҷаласаи якуми Шўрои байнидавлатии ҳамоҳансозӣ дар сатҳи олии сиёсӣ фаро расидааст.

 Эмомалӣ Раҳмон  Нурсултон Назарбоевро даъват намуд, ки барои анҷом додани ин кор дар вақти барояш мувофиқ ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

 Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба рўзномаи ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, масоили минтақавию байналмилалӣ ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули назар карда шуд.

Бегоҳии рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ноиби президенти агентии Япония оид ба ҳамкории  байналмилалӣ («Ҷайка») Киёши Кодераро ба ҳузур пазируфт.

 Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Япония баррасӣ шуд.

«Барои Тоҷикистон густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо Япония яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷӣ дар қитъаи Осиё буд, ҳаст ва хоҳад монд», – изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

 Киёши Кодера нахуст ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои арзи ҳамдардӣ ва кўмаки башардўстона ба Япония баъди заминларзаи шадид ва ҳолати фавқулодда дар нерўгоҳи атомии Фукушима изҳори сипос намуд.

 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамкории пурсамари 18 – сола ба ҷониби Япония арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

 Зикр гардид, ки бомусоидати Япония дар Тоҷикистон лоиҳаҳои сершумор барои беҳдошти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва доир ба роҳсозӣ, рушди деҳот, обрасонӣ, бозомўзию такмили ихтисоси мутахассисон амалӣ гардидаанд ва мегарданд. То имрўз зиёда аз 1200 коршиносу мутахассиси Тоҷикистон ихтисосу малакаи касбии худро таҳти васояти агентии «ҷайка» дар Япония такмилу сайқал додаанд.

 Ҳамзамон таъкид гардид, ки Тоҷикистону Япония бояд ба татбиқи лоиҳаҳои ҳаҷман бузургтари дорои манфиати мутақобила ва минтақавӣ шуруъ намоянд.

 Ҳарду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд таъкид намуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд.

Ёдрас мекунем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳрр Остонаи ҚАзоқистон қарор дорад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...