Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид.
Тавре сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Дар бораи сарфаҷӯии энергия ва самарабахшии энергия», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи Созишномаи грантии (Амалиёти махсуси) Лоиҳаи минтақавии интиқоли қувваи барқ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд, мавриди муҳокима ва баррасӣ қарорр гирифтанд.
Зикр шуд, ки мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонунҳои мазкур ба Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат такмили фазои қонунгузории кишвар ва мутобиқ намудани онҳо бо Сарқонун ва дигар қонунҳои ҷорӣ мебошад.



