Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Вазири корҳои дохилии Покистон Раҳмон Малик доир гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Раҳмон Малик иброз дошт, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар дар ҳамаи самтҳо густариш меёбанд. Вай мулоқоти Президентҳои Тоҷикистон ва Покистонро, ки дар Остона баргузор гардидааст, муҳим ва пурсамар арзёбӣ намуд. Р. Малик таъкид сохт, ки роҳбарияти Покистон ба инкишофи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон, хусусан дар соҳаи энергетика таваҷҷӯҳи зиёд дорад.
Дар сӯҳбат инчунин ҳамкориҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҳарду кишвар баррасӣ шуданд.



