Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар реҷаи пӯшида оид ба фаъолияти Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои минтақаи Осиёи Марказӣ машварат доир намуд.
Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, дар назди аъзои Шӯрои амният роҳбари Марказ, намояндаи махсуси Дабири кулли СММ Мирослав Енча гузориш дод.
Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои минтақаи Осиёи Марказӣ моҳи декабри соли 2007 дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод таъсис дода шуд. Марказ ба ҳукуматҳои Туркманистону Қазоқистон, Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҳалли мусолиматомези баҳсҳо ва пешгирии мухолифатҳо тавассути муколама ва ҷалби дастгирии байнулмилалӣ кӯмак мекунад.
Ҳамчунин Маркази СММ дар мубориза алайҳи терроризм, ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва таназзулу ифлосшавии муҳити зист аз кишварҳои минтақа пуштибонӣ мекунад.