Созмони байнулмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» (RWB) аз тасмими Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон доир ба таъсиси гурӯҳи нозирон барои мониторинги маводи шабакаи Интернет, ки хусусияти «таҳқиру тӯхматомез» доранд, изҳори нигаронӣ намудааст.
Дар изҳороти муштараки RWB ва Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ба унвони сардори Хадамои алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров аз мавриди ниятҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани гурӯҳи нозирон барои мониторинги маводи интернет ва муоинаи сомонаҳои интернетии мазмуни «таҳқир ва тӯҳматдошта» изҳори ташвиш карда мешавад.
«Мо ба муҷозот барои тӯҳмат розием, лекин он бояд дар суд ҳал шавад, то ки даъвогару ҷавобгар ба ошкор кардани ҳақиқат имкон дошта бошанд», – зикр мегардад дар изҳорот.
Дар изҳорот гуфта мешавад, солҳои охир хадамоти алоқаи назди Ҳукумат ба таври пайваста сомонаҳои интернетии созмонҳои иттилоотиро таъқиб намуда, ба маҳдуд гаштани на танҳо дастрасӣ ба маводи мазмуни «тӯҳматдошта», инчунин дар тӯли ҳафтаҳо пурраи қатъ шудани фаъолияти сомонаҳо боис мегардад.
«Моҳи марти соли ҷорӣ ба интернет провайдерони маҳаллӣ амр доданд, ки дастрасӣ ба як қатор сомонаҳо, аз ҷумла Centrasia.ru, Ria Novosti ва Lenta.ru қатъ карда шавад, – омадааст дар изҳорот. – Ҳамагӣ чанд рӯз қабл дар тӯли ду ҳафтаи моҳи охир дастрасӣ ба сомонаи интернетии оҷонсии маъруфи иттилоотии «Азия-Плюс» маҳдуд карда шуд. Ин ҳолат ба маводе робита дошт, ки дар онҳо моҷарои байни нерӯҳои низомии ҳукумат ва ошубгарони Қӯҳистони Бадахшон баррасӣ мегардиданд. Вақте ба хадамоти Шумо барои пайдо кардани шарҳи воқеа муроҷиат намуданд, Шумо сабаби маҳдуд намудани дастрасӣ ба сомонаҳоро ба масоили техникӣ ё дорои мазмуни порнографӣ ё экстремистӣ доштани онҳо ишора намудед».
Ғайр аз ин зикр мегардад, ки «сабаби мушаххас набудани мафҳумҳои «таҳқир» ва «тӯҳмат» моро водор месозад, ки дар бораи хатари тафсири мухталифи онҳо андеша кунем» «Мо хавф дорем, ки дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии оҷонсиҳои маъруфтарини мустақили иттилоотӣ бо сабаби дар мавзӯъҳои муҳими сиёсӣ ё масъалаҳои дигари маҳрамона ба табъ расондани мақолаҳои баҳсталаб дубора баста мешаванд. Ҳамин ҷиҳат ба дастрасии мардуми Тоҷикистон ба иттилооти аҳамияти иҷтимоидошта монеа мегардад», – баён мегардад дар изҳорот.
Дар изҳорот ба хулосаҳои пешниҳоднамудаи маърӯзачии махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили озодии сухан ва баёни ақида Франк Ла Ру ишора рафта, зикр мегардад, ки ӯ дар бораи «кӯшиши аз ҳад зиёди назорат намудани фаъолияти истифодабарандагони шабакаи интернет, инчунин мазмуни мукотиба дар шабакаи мазкурро бе пешниҳоди кафолати кофӣ ба он, ки чунин назорат бидуни ғараз анҷом дода мешавад» изҳори ташвиш намуда буд.
Дар анҷом аз Бег Зуҳуров оид ба шарҳу тавзеҳи масоили зер дархост карда мешавад:
– Ихтиёриён (волонтерҳо) мониторинги сомонаҳои интернетиро бо кадом шева анҷом медиҳанд?
– Дар масъалаи то кадом андоза мазмуни таҳқир ё тӯҳмат доштани мавод кӣ қарор қабул мекунад ва меъёрҳои қабули чунин қарор кадомҳоянд?
– Баъд аз он, ки мазмуни маводи чопиро таҳқиркунанда ё тӯҳматдошта «эълон» кунанд, барои аз байн бурдани маводи чопӣ кадом тадбирҳо андешида мешаванд? Муаллифон ва муҳаррирони маводро ба табърасонда дар бораи воқеаи мазкур чӣ тавр огоҳ карда мешаванд ва, агар мавод аз сомона ба зудӣ гирифта нашавад, нисбат ба онҳо кадом чораҳо андешида мешаванд?
– Дар ҳолатҳое, ки супориши ҳукумат иҷро нагашта, мавод аз саҳифаи сомона гирифта нашавад барои роҳ надодан ба сӯистифода аз ҳолати мазкур кадом тадбирҳо андешида мешаванд?
Ба андешаи созмонҳо, назорати сомонаҳои интернетӣ хавф дошта, метавонад натиҷаҳои баръакс ба бор орад. «Хабарнигорони бидуни марз аз Шумо даъват мекунад, ки нақшаи мазкуратонро, ки нақзи озодии иттилоот аст, дигарбора баррасӣ намоед», – таъкид мегардад дар фарҷом.